Маҳфили адабӣ ба ифтихори рӯзи ваҳдати миллӣ

№ 08.07.2024

Барои мардуми тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо ҷашни давлатӣ, балки санаи таърихиест, ки тамоми миллат онро пос медорад.

Дар таҷлили ин рӯзи фархунда, бахусус намояндагони зиёии кишвар  иштироки фаъолона доранд. Шоирон, нависандагон, рассомон ва навозандагон дар эҷодиёти худ бартарии ваҳдати миллиро  инъикос ва тараннум намуда, аҳамияти пойдории сулҳу суботро  дар кишвар таъкид мекунанд.

25 июни соли 2024 дар осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор бо ибтикори бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо шурои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва камолоти эҷодии адиб Фатҳуллои Азиз ва коргардони симову синамо Баҳроми Сайфиддин маҳфили адабии «Саройи сухан» баргузор гардид.

Муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Ҷаббор Носирзодаро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 55-солагии камолоти эҷодии Фатҳуллои Азиз ва Баҳроми Сайфиддин қироат карда, барои хизмати арзанда дар рушди адабиёт ва санъат бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор қадрдонӣ намуд.

Иштирокдорони маҳфил ваҳдати миллати тоҷикро зодаи Истиқлолияти давлатии ин халқи тамаддунофар ва куҳанбунёд маънидод карданд ва афзуданд, ки он самараи ҷоннисорӣ ва ватандӯстию фидокориҳои фарзанди фарзонаи халқи тоҷик  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сайидо НАЗАРОВ,

 «Садои мардум»