Ҳафтуми декабри соли 2015 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, соати 12-у 50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба қайд гирифта шуд.
Мувофиқи маълумоти Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази заминларза дар 357 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кӯли Сарез ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод. Заминларза такроран соати 15-у 04 дақиқа дар 370 километрии ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуд, ки дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод. Ҳамчунин соати 15-у 34 дақиқаи ҳамин рӯз дар 357 километрии ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 22 километр аз кӯли Сарез заминларза ба вуқӯъ пайваст, ки қувваи он дар марказаш ба 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе ба 2-3 бал баробар буд.
Мувофиқи маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари заминларза дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хисороти зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар водии Бартанг — деҳаи Ғудараи деҳоти «Савноб» манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон зарар дида, даҳ нафар ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Дар мавзеи Булункӯли ноҳияи Мурғоб иншооти ёрирасон ва манзилҳои истиқоматӣ хароб шудаанд. Дар километри 432-юми шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ дар мавзеи Ғошғарфи ноҳияи Дарвоз ва дар километри 452-юми ҳамин шоҳроҳ дар мавзеи Туғаки ноҳияи Ванҷ дар натиҷаи сангрезӣ аз баландиҳо роҳ маҳкам шуда, ҳаракати нақлиёт ғайриимкон гардидааст. Бар асари фаромадани сангпора дар километри 462-юми шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ дар деҳаи Хехеки деҳоти «Язғулом»-и ноҳияи Ванҷ як автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» зери санг монда, ронанда ба ҳалокат расидааст. Дар километри 467-уми ҳамин шоҳроҳ ду автомашинаи дигари боркашони тамғаи «Дулан» ҳангоми фаромадани санг зарар дидаанд.
Рафти расонидани кумакҳои аввалиндараҷаи фаврӣ ба зарардидагони ВМКБ таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи фаврии корӣ таъсис ёфта, ба иҷрои корҳои дақиқсозии ҳаҷми зарар ва талафоти ҷонию молӣ сафарбар шудаанд.
АМИТ «Ховар»