11 июли соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дар шахри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа, қабл аз ҳама, масъалаи андешидани тадбирҳои иловагӣ барои иҷрои нишондодҳои барномавӣ дар соли 2016 оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, бахусус нақшаҳои буҷет ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ гирифт.
Ҳамчунин бо дахли масъалаи роҳандозии омодагиҳои ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, хусусан аз ҷониби соҳибмулкон омода кардани бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ба қабули гармӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини соҳавии раиси шаҳр Шакарбек Самадов ва раисони ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки таҷдиди системаҳои мавҷудаи гармиқабулкуниро бо риояи меъёру технологияҳои амалкунанда то оѓози мавсим ба анҷом расонданд.
Дар иртибот ба амалисозии нақшаҳо оид ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ ва соҳибкорӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, бо натиҷагирӣ аз тадбирҳои роҳандозинамуда оид ба ѓанигардонидани бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон, Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти директорони бозорҳои коммуналиро дар ин хусус нокифоя арзёбӣ ва директори КВД «Бозори Шоҳмансур» Бахтиёр Лақаевро аз вазифа сабукдӯш намуд.
Барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ, директори Муассисаи давлатии «Боѓи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» Қурбон Одинаев низ аз вазифа озод карда шуд.
Супориш дода шуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ вобаста ба татбиқи Қарори раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ва маъракаи 130 рӯзи ободонӣ беш аз ҳарвақта вусъат дода шуда, сафарбарсозии оммавии сокинон дар ин сабқат таъмин карда шавад.
Ҳамчунин доир ба масоили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, бо дарназардошти гармии ҳаво вусъат бахшидани корҳои профилактикӣ оид ба эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ш. Саидов