Маҷмуи барномаҳои давлатӣ

№132 (3117) 17.10.2013

Аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдоштаи озуқа ва кишоварзии (ФАО) Созмони Милали Муттаҳид  «Маҷмуи барномаҳои давлатии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ» ба нашр расид.  Ин маҷмуа матни барномаҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир қабул шуда, айни ҳол ҷараёни амалишавии онҳо идома доранд. Дар оғози китоб иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 апрели соли 2012), нуктаҳои асосии гуфтаҳои Сарвари давлат роҷеъ ба Барномаи давлатии таъмини амнияти озуқавории кишвар оварда шудааст.

Тавре маълум аст, яке аз самтҳои афзалиятноки стратегии кишвари мо  таъмини амнияти озуқавории мамлакат  мебошад ва барои иҷрои он  кори зиёде анҷом дода мешавад, аз ҷумла таҳия ва роҳандозии барномаҳо. Барномаҳои рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 (аз 3 октябри соли 2006 №451), рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 (аз 2 декабри соли 2006 №516), рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии  чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 (аз 1 октябри соли 2007 №501), рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 (аз 2 ноябри соли 2007 №542), Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 (аз 6 апрели  соли 2007 №194) аз ҷумлаи ин барномаҳо мебошад. Теъдоди барномаҳое, ки дар ин китоб ҷойгир карда шудааст, 20 адад аст ва он тамоми соҳаҳои ба таъмини амнияти озуқаворӣ мансубро  дар бар мегирад. Илова бар ин,  дар маҷмуа қарорҳои тасдиқкунандаи ин барномаҳо, инчунин  нақшаҳои  амалигардонии барномаҳои соҳавӣ  ҷой дода шудааст, ки барои мутахассисони соҳа роҳнамост.

-Мусоидат дар ҳалли масъалаҳои  ба амнияти озуқаворӣ алоқаманд яке аз вазифаҳои асосии ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда -ФАО мебошад. Аз ҷониби ин ташкилот, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, Барномаи «Дастгирии тақвияти системаи миллии ахбороти амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон» амалӣ мегардад, ки  дар доираи он барои сари вақт таъмин кардани ашхоси қарорқабулкунанда ба ахбори фаврӣ зимни ҳолати феълии амнияти озуқаворӣ китобчаҳои алоҳида, маҷмуаҳо, варақаҳои иттилоотӣ таҳия карда, нашр менамоем. Аз ҷумлаи ин корҳо чопи  «Маҷмуи барномаҳои давлатии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ» аст, ки ба ин шакл бори аввал омода шудааст. Боварӣ дорем, ки он барои роҳбарону мутахассисон ва ҳамаи онҳое, ки дар кори таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузоранд,  бисёр муҳиму манфиатовар мебошад,- гуфт ба хабарнигорамон роҳбари Барномаи «Дастгирии тақвияти системаи миллии ахбороти амнияти озуқаворӣ» Сангинбой Сангинов.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»