Ба такмил ва танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) замина гузошт. Метавон онро марҳилаи нав дар таҳия, такмил ва қабули қонунҳо ҳисобид.
Қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти низоми судӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Чунончӣ, 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Мутобиқи талаботи моддаи 2 қисми 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳокимияти судӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад. Дар бораи амали бевоситаи Конститутсия, аз ҷумла дар қисми 1 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «…меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд».
Чунин муқаррароти конститутсионӣ мақомоти ҳокимияти судиро вазифадор менамояд ,ки дар марҳилаи судӣ, ҳангоми пайдо шудани шубҳа, дар бораи мухолифати қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия бояд аз татбиқи он худдорӣ намуда, бевосита он меъёри Конститутсияро, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, татбиқ намояд.
Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти №271 Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Мақсади асосии Барномаи мазкур тақвияти ҳокимият ва мақоми судӣ, баланд бардоштани нақши ин ниҳод дар ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилот, таъмини кафолати судии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маҳорат ва масъулияти кадрҳои судӣ мебошад. Дар ҷараёни ин Барнома дар низоми судӣ ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Мутобиқи он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2008 таҳти рақами 495 «Дар бораи коромӯз-судя» ва Низомнома «Дар бораи коромӯз-судя» қабул гардид.
Дар ин муддат Кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ қабул шуданд.
Қисми бештари ваколатҳои амрдиҳӣ вобаста ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ба монанди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молумулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайра мутобиқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ аз 1 апрели соли 2010 ба салоҳияти судҳо вогузор шудаанд. Тағйироти зикршуда салоҳият ва масъулияти мо -кормандони мақомоти судиро дучанд мегардонад. Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 чунин таъкид кардаанд: «Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мебошад.
Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақоми судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост».
Вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар раванди иҷрои чорабиниҳои барои соли 2012 пешбинигардидаи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 ба моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд ҳар як судя дар ду сол як маротиба ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта мешавад.
Ҳамзамон, ба моддаи 135 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова ворид гардид, ки дар ин замина шакли алоҳидаи ахбори судя коркард ва таҳия мешавад ва тибқи он ҳар як судя дар давраи ҳисоботӣ доир ба фаъолияти кориаш маълумоти муфассал пешниҳод менамояд.
Ҳарчанд давлат доираи салоҳияти судҳоро васеъ гардонида, ҳамаи шароити заруриро барои мустақилияти онҳо фароҳам овардааст, лекин дар амалӣ гардидани ин тадбирҳо сатҳи касбӣ ва муносибати онҳо ба ҳалли масъалаҳои ба зиммаашон вогузошта беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, дар ҷараёни татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба масъалаҳои ҷобаҷогузории кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи донишу тахассуси онҳо, иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар фаъолияти судяҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамзамон, дар назди кормандони мақомоти судӣ вазифа гузошта шудааст, ки ҷиҳати дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқӣ саҳмгузор бошанд.
Дар рушду нумуи ҷомеа, давлатдорӣ мақомоти судӣ нақши муҳим мебозад. Он дорои ваколатҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ дар соҳаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷамъият дар асоси Конститутсия ва қонунгузорӣ мебошад.
«Воқеан, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунин ҳолат моро водор менамояд, ки ислоҳотро дар самти такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ идома бахшем»- таъкид мешавад дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013.
Ин баҳои баланди Сарвари давлат мо-кормандони мақомоти судиро, ки тибқи муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад, водор менамояд дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти баланд ва кордонӣ нишон диҳем.
Дастоварди асосӣ ва муҳими даврони истиқлолият дар соҳаи таҳкими қонунгузорӣ ин таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се шохаи мустақил ва ташкили Парламенти касбии кишвар маҳсуб меёбад, ки дар таҳия, қабул ва татбиқи қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳабибулло ЁРИЕВ, роҳбари дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон