Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон оғоз шуд

№43 (4939) 07.04.2025

photo_2025-04-03_09-38-36 (2)Якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Чун анъана дар як қатор шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардида, ҷавонони далеру шуҷоъ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба адои хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз ҳам аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати баҳории ҷавонписаронро ба хизмати Ватан-Модар 101 фоиз иҷро намуд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар назди ҳозирин баромад карда, иброз дошт, ки феълан ­насли ҷавон дар заминаи омӯзиши таърихи пурғановати худ, амиқан дарк менамояд, ки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии мустаҳками иҷтимоӣ иқтидори мудофиавии кишвар бояд тавоною муқтадир бошад. Имрӯз дар сафи даъватшудагон фарзандони масъулини мақомоту хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону табибон, муҳандисону коргаронро мебинем. Яъне, бо чунин муносибати масъулиятнок ва ватандӯс­тона ҷавонони мо ва умуман, мардуми Тоҷикистон, омодагию садоқати хешро барои хизмат ба Ватан нишон медиҳанд.

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 1-уми апрели соли равон маросими гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сухани табрикӣ даъватшавандагонро ба муносибати ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастан табрику таҳният гуфт.

- Ҳукумати кишвар пайваста барои таҳкими қудрати мудофиавӣ ва фароҳам сохтани шароити беҳтарини хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои суд­манд меандешад. Исботи ин гуфтаҳост, ки имрӯз дар рӯзи аввали даъват тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуда, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмин гардид. Ин даъвати дуюм аст, ки ҷавонони ғаюру диловари вилоят ихтиёран ба сафи артиш пайваста, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввал ба пуррагӣ таъмин мегардад, — афзуд раиси вилоят.

Якуми апрели соли 2025 дар Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҳозиринро ба «Рӯзи даъватшаванда» табрик намуда, миннатдории самимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалиро ба ҷавонони навдаъватшуда ва волидайни онҳо расонид.

Дар идома иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 456 нафар ҷавонони ватандӯсти пойтахт ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор гардиданд, ки 41%-и нақшаи даъватро ташкил медиҳад.

Зимни чорабинӣ модари яке аз даъватшавандагон аз номи тамоми модарон ба ихтиёриён дуои хайр дода, маросими нонгазони чорабиниро анҷом дод.

Дар идома намоиши машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ аз ҷониби сарбозон сурат гирифта, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гардид.

Субҳи 1-уми апрели соли 2025 дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир шуд.

Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа, ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт сад фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.

Дар ҳамоиши идона раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз намуд, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки хизмат ба Ватан ин хизмат ба падару модар, аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд Ватанро дар баробари ҷони худ, мисли модари худ дӯст дорем ва онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз намоем.

Зимни ҳамоиш модари яке аз навас­карон Бикабӣ Шарифова иброз дошт, ки мо, модарони Раштонзамин, аз он ифтихор менамоем, ки фарзандони мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ гардиданд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт Қиёмиддин Авродов гуфт, ки дар ин даъват ман аз ҳудуди ҷамоати деҳот аввалин шуда писари худамро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар номнавис кардам. Мо ифтихор мекунем, ки фарзандони мо барои давлату миллати хеш хизмат мекунанд.

С. СУННАТӢ,

М. ИМОМНАЗАР,

С. СУЛТОНОВ,

 Д. МИРЗО,

Садои мардум»