2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Маърифати ҳуқуқӣ – омили таҳкими волоияти қонун

№47 (4787) 15.04.2024

Дар партави ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар шаҳри Турсунзода чорабиниҳои гуногун оид ба фарҳанги ҳуқуқӣ гузаронда мешаванд.

Дар ин хусус ба иҷрокунандаи калони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Соҳибназар Қодиров суҳбате доштем, ки фишурдаи он манзур мегардад:

- Ба сатҳу сифати маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Турсунзода, дар умум, чӣ баҳо медиҳед?

- Албатта, на ҳама метавонанд тамоми донишҳои ҳуқуқиро аз бар намоянд, лекин, бо назардошти он ки шаҳри Турсунзода дорои зиёда аз 300 ҳазор аҳолӣ мебошад, ин нуктаро бояд ба назар гирифт, ки дар байни мутахассисони касбу кори гуногун донандагони соҳаи ҳуқуқ низ кам нес­танд. Худи ҳамин воқеият ба шаҳрвандони корафтода имкон медиҳад, ки дар вақтҳои зарурӣ аз маслиҳатҳои ҳуқуқии хешу табор ва шиносу ҳамсоягони соҳибкасби худ ба таври муфид истифода баранд ва дар бисёр маврид ҳамин тавр ҳам мекунанд. Бинобар ин, ман аз ҳамкасбонам басо миннатдор ҳастам, ки дар ҷодаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳр бо риояи масъулияти баланди касбӣ саҳмгузоранд.

- Бо вуҷуди ин, мутахассисони Хадамоти иҷро пайвас­та бо сокинони шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳанд. Чаро?

- Ҳадафи асосии баргузории ин чорабиниҳо он аст, ки тавонем ба ҳар як шаҳрванд ба таври фаҳмо моҳияти талаботи асосии меъёрҳои ҳуқуқиро расонем, зеро баланд бардош­тани сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ на танҳо ба ҳифзи манфиат­ҳои шаҳрвандон мусоидат мекунад, балки барои таҳкими волоияти қонун низ замина фароҳам меорад.

- Дар раванди фаъолият Шуморо кадом ҳолатҳо бештар ба ташвиш меоваранд?

- Мутаассифона, айни замон мо, ҳуқуқшиносон, бо ҳолатҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки баъзеҳо чӣ ҳуқуқу уҳдадорӣ дош­танашонро намедонанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки масъалаҳои бавуҷудомадаи ҳуқуқиро нодида гиранд, рӯйпӯш кунанд ё мустақилона ҳал кунанд, ки дар натиҷа мушкилоташон бештар мешавад.

Дар фаъолияти рӯзмарраи худ кормандони хадамот дар шаҳри Турсунзода бештар барои рӯёндани маблағ (алимент) ба манфиати модарон барои таъминоти кӯдакони ноболиғ ба душвориҳо дучор меоянд. Шаҳрвандон талаботи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарк намекунанд, яъне аксар огоҳ нестанд, ки напардохтани алимент худ ҷиноят аст. Ё худ гоҳе аз ҷониби суд дар асоси талаботи қонун ҳалнома вобаста ба маскун намудани нафари даъвогар дар манзили истиқоматӣ бароварда мешавад, он аксар вақт боиси баҳсҳои бе­асосу доманадор мегардад, ҳол он ки иҷрои санади судӣ дар ин маврид барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

- Роҳи ҳалли ин гуна нофаҳмиҳоро дар чӣ мебинед?

- Ба андешаи ман ҳар мушкилие, ки дар иҷрои санади судӣ ба амал меояд, аз сабаби бархӯрдор набудани баъзе шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадории худ сар мезанад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониҳояшон оид ба зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъкид менамоянд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки пайваста байни мардум оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо барпо намоем. Бояд иброз дошт, ки аллакай таъсири мусбати чунин чорабиниҳо эҳсос мешаванд. Танҳо аз нишондиҳандаҳои омор бармеояд, ки соли 2023 нисбат ба соли 2022 зиёда аз 270 ҳуҷҷати иҷро кам гардида, муроҷиати шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба Хадамоти иҷро ба маротиб коҳиш ёфтааст.

- Соли 2024 барои кормандони Хадамоти иҷро чӣ гуна сол хоҳад буд?

- Соли ҷорӣ дар рушди фарҳанги ҳуқуқии сокинон марҳалаи муҳим ва натиҷабахш хоҳад буд. Бо эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» нақша-чорабиниҳо омода намудаем, ки тибқи он бо шаҳрвандон дар масъалаҳои терроризм, экстремизм, муқовимат бо коррупсия, шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию тундрав ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем.

- Ташаккур барои суҳбат.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»