Панҷуми декабри соли ҷорӣ дар дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир ба амалишавии Лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» баргузор шуд.
Дар нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, роҳбари бахши ҳуқуқии Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» Гулчеҳра Раҳмонова ва ҳамчунин намояндаи Дафтари ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ Азамат Шамбилов ширкат варзиданд. Лоиҳаи мазкур дар се кишвар- Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Иттиҳоди Аврупо татбиқ мешавад. Дар ҷумҳурии мо ин лоиҳаро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» ва Дафтари ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ амалӣ хоҳанд кард.
Тавре мутахассисон зикр намуданд, мақсад аз амалӣ гардонидани ин лоиҳа, пеш аз ҳама, ҳифзи кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо мебошад. Дар аксар маврид хушунату зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аз мадди назар дур мемонад ё худ ба қайд гирифта намешавад. Агар мо шиканҷаро нисбати кӯдакон беҷазо гузорем, ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Мониторинги гузаронидаи муштарак нишон медиҳад, ки паҳншавии зӯроварии кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад. Аз ин лиҳоз, Лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» ба он равона карда шудааст, ки истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ карда шуда, нигоҳдории калонсолу кӯдакон дар якҷоягӣ ба роҳ монда нашавад.
Дар доираи ин лоиҳа воридсозии меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба қонунгузориҳои миллӣ, таъмини кӯмаки ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагианд, роҳандозии барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона, таҳияи барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд ва як қатор чорабиниҳои дигар пешбинӣ шудааст.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»