Қонун ва иҷрои он

Мақсад сарҷамъии мардум ва ободии диёр буд

№73 (3219) 04.07.2014

«Воқеан, мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ тақрибан як миллион нафар гурезаро ба Ватан  баргардонида, садҳо ҳазор манзили вайрону валангор, мактабу биноҳои маъмурӣ, пулҳо ва иншооти дигари  харобгардидаро, ки дар маҷмӯъ даҳ  миллиард доллари  амрикоиро ташкил мекард, бо азму талоши мардуми созандаву ободкорамон таъмир ва барқарор намоем».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20- умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

16 ноябри соли 2012, шаҳри Душанбе)

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (рӯзи 18 ноябри соли 1992) ба муҳокимаи  депутатҳо 23 масъала пешниҳод ва қабул шуд. Масъалаи шонздаҳуми рӯзномаи Иҷлосия «Дар бораи тартиби ба ҷойҳои истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо» буд. Дар Иҷлосия ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» қабул гардид. Қонуни мазкур  вобаста ба вазъи дохилии кишвар танҳо нисбати шаҳрвандоне, ки иҷборӣ тарки Ватан карда буданд, мавриди амал қарор мегирифт.

Барои дар амал татбиқ намудани ин қонун чандин санадҳои зерқонунӣ таҳия ва қабул шуданд. Аз ҷумла қарорҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1993 таҳти №58 «Дар бораи чораҳои баргардонидани гурезаҳо ба маҳали доимии истиқоматиашон ва расонидани кумаки моддӣ ба онҳо» ва аз 18 феврали соли 1993 таҳти №79 «Дар бораи чораҳои ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи моҷароҳои яроқнок дар минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар дидаанд» тарз ва муҳлати дар маҳалҳо татбиқ гаштани қонуни мазкурро муқаррар  намуданд.

Бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барнома ва тадбирҳои мукаммал барои аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ берун баровардани кишвар таҳия гардид. Ҳадафҳои асосӣ баргардонидани гурезаҳо ба манзили онҳо, таъмин намудан бо сару либос, хӯрокворӣ ва барои барқарорсозии харобаҳо шароит фароҳам овардан буд. Ин нукта дар Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи кишвар аз 12 декабри соли 1992 зикр гардидааст.

Дар ин давра, ки вазъ дар бисёр минтақаҳо ноором ва хавфнок буд, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирони иҷборӣ», инчунин қарорҳои фавқуззикри Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.

Бо дахолати бевоситаи прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 10 ҳазор хонаҳое, ки аз тарафи дигар шаҳрвандон ғайриқонунӣ ғасб шуда буданд, ба соҳибони  аслиашон баргардонида шуданд. То моҳи сентябри соли 1997 дар ҷумҳурӣ беш аз 142 ҳазор нафар гурезагон бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Рафти иҷрои қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти прокуратура- прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов ва муовини ӯ Салимзода Шерхони Одина (ҳоло Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) қарор дошт.

Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шахсони аз низоъҳои ҳарбӣ зарардида дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти қудратӣ чораҳои зарурӣ андешиданд. Ҷиҳати бартараф сохтани қонуншиканӣ, аз ҷониби  Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа шаш пешниҳод ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ирсол гардида, даҳ нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Оид ба талаву тороҷи кумаки башардӯстона ва азонихудкунии онҳо ду парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба суд ирсол гардид.

Бо эътирози прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа фармонҳои сардорони корхона, муассиса ва идораҳо нисбати 1665 гуреза ва Прокуратураи ноҳияи Шаҳритуз нисбати 140 гуреза, ки ғайриқонунӣ аз корхонаву муассисаҳо аз кор озод шуда буданд, бекор карда шуд. Прокуратураи ноҳияи Шаҳритуз 163 хона ва нуҳ техникаи хоҷагии қишлоқро ба гурезаҳо баргардонид.

Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа 99 даъво ба манфиати гурезаҳо оид ба баргардонидани манзил бо тартиби  маъмурӣ ва 18 аризаи даъвоиро ба суд  пешниҳод кард ва онҳо пурра қонеъ гардонида шуданд. Бо роҳи  фаҳмондадиҳӣ 260 манзили истиқоматӣ ба соҳибонашон баргардонида шуд. Инчунин 111 арзу шикояти фирориёни иҷборӣ баррасӣ ва талаби онҳо оид ба баргардонидани манзил ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ қонеъ гардид.

Фаъолияти прокуратураҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирони иҷборӣ» дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати аграрӣ, озуқа ва шуғли аҳолӣ (31 июли соли 1996) мавриди баррасӣ қарор гирифт ва кори онҳо мусбӣ баҳогузорӣ шуд.

Дар хулосаи ҷаласаи сайёри Кумитаи мазкур (моҳи июни соли 1996) нисбати фаъолияти Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа омадааст:

«Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа баҳри амалӣ гаштани қонуни мазкур кори зиёде ба сомон мерасонад. Дар бораи ғайриқаноатбахш иҷро шудани ин қонун дар мақомоти дахлдор ва баъзе корхонаю ташкилотҳо ба ҳукумати шаҳр, шуъбаи корҳои дохилӣ ва суди шаҳрӣ пешниҳодҳо фиристодааст». (Рӯзномаи «Садои мардум», 29 июни соли 1996 №45).

Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти прокуратураҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Шаҳритуз ҳамчун  таҷрибаи пешқадам ба прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо тавсия дода шуд.

Имсол 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромии ҷомеа ботантана таҷлил мешавад. «Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад»,- омадааст дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Волоияти қонун, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти мақомоти  прокуратура буд ва хоҳад монд.

Раҷабалӣ ЮЛДОШЕВ, ёрдамчии калони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус,

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»