Дар вилояти Суғд ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ният доранд, ки 3000 иншооти ҳаётан муҳими таъиноти иҷтимоидоштаро ба истифода диҳанд. Дар ин хусус раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ҷаласаи фаъолон маълумот дод.
Дар ноҳияи Деваштич тасмим гирифтанд, ки 300 иншоотро ба истифода диҳанд. Бештари иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳия-шаҳраки Ғончӣ бунёд шуда истодааст.
- То соли 2021 29 иншооти ҳаётан муҳимро сохта ба истифода медиҳем, — гуфт раиси шаҳрак, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳамроқул Қулдошев.
Корҳои сохтмонӣ дар таваллудхонаи нав барои 100 кат дар арафаи анҷомёбист. Коллективи ширкати сохтмонии «Кордон-2010», ки сарвариашро Одилҷон Мухторов ба зимма дорад, кӯшиш доранд, ки корҳои боқимондаи пардозгариро дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонанд.
- Сохтмони ин иншоот соли 1990 оғоз шуд, вале бинобар сабабҳои маълум он нотамом монд, — гуфт Одилҷон Мухторов. Хушбахтона, ба тасмими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ба анҷом расонидани он 12 млн. 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 5 млн. 700 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд.
- Дар таваллудхона Маркази «Модару кӯдак» таъсис хоҳем дод, ки 60 кат барои таваллуд, 30 кат барои табобати амрози занона, 45 кат барои шуъбаи навзодон, 6 кат барои наҷоти навзодону 3 кат дар шуъбаи эҳё барои модарони ҳомиладор ба назар гирифта шудааст, — гуфт сардухтури ноҳия Маҳмадализода Насим Раҳим.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»