Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар моҳияти иҷтимоӣ дошта, дар он барои ҳалли ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Ин омил имкон медиҳад, ки сатҳи иҷтимоии аҳолӣ баланд бардошта, ҳадафҳои Давлат амалӣ гарданд.
Дар тамоми Паёмҳои Сарвари давлат, аз ҷумла Паёми имсола сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ вазифадор шудаанд, ки бо зуҳуроти ҷинояткорӣ муборизаи беамон баранд. Аз ин сабаб муқовимат бо терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба авзои мураккаби ҷаҳон дар Паёми худ назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифа гузоштаанд, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016- 2020 таҳия ва пешниҳод намоянд. «Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯйи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда, пурзӯр карда шавад», — омадааст дар Паём.
Дар Паёмҳои Сарвари давлат ҳамчунин тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардидааст, зеро фаъолияти суд ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 таҳти №327 «Барномаи нави ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид.
Барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ — ҳуқуқии қаблӣ буда, дар он таҳлили фаъолияти судҳо, омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва инчунин самтҳои дигари фаъолияти ҳокимияти судӣ пешбинӣ шудаанд.
Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани мақомоти судӣ ва пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои санадҳои судӣ мусоидат хоҳад кард.
Зикр кардан бамаврид аст, ки аз Паём то Паём дар ҳаёти ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, онҳо самараи рушду такомули давлат дониста мешаванд.
Мақсад ва мароми Паёми Президенти кишвар ноил гаштани мардуми мо ба зиндагии арзанда ва шоиста мебошад ва дар ин ҷода собитқадамем.
Ҳасанзода Насим Манон, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон