22 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Серена»- и шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Вусъат бахшидани ҳамоҳангсозии байни идоравии мақомоти масъул дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва омори ҳаётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Анҷумани парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд иштирок доштанд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ конференсияро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид 24 сол қабл дар чандин самт Созишнома дар бораи ҳамкориҳои судмандро ба имзо расониданд. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар қатори дигар кишвари ҷаҳон Изҳороти (Декларатсия) Ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо ба тасвиб расонид. Ҳадафҳои рушди ҳазорсола (то соли 2015) ҳашт мақсади асосӣ — паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гуруснагӣ дар миқёси ҷаҳон, ба таҳсил фаро гирифтани аҳолӣ, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, пешгирии фавти кӯдакон, беҳтар намудани ҳифзи солимии аҳолӣ, мубориза бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО ва табларза, таъмини устувори экологӣ ва инчунин тавсеаи ҳамкориҳои ҷаҳониро бо мақсади рушд муайян намуда буд. Ҳамзамон, соли 2015 дар заминаи изҳороти қаблӣ «Ҳадафҳои рушди устувор барои то солҳои 2030» қабул гардид.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба Изҳороти (Декларатсияи) Ҳадафҳои рушди устувор эътибори ҷиддӣ дода, ҳамчун мақоми олии қонунгузории мамлакат барои амалӣ гардидани ҳадафҳои он тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми босазо мегузорад.
Хайринисо Юсуфӣ афзуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 узви Анҷумани парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (АФПНР) мебошад. Соли 2014 дар назди Маҷлиси намояндагон Кумитаи миллӣ оид ба масъалаҳои аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд. Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди роҳбарияти Анҷумани парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (АФПНР) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раисикунандаи гурӯҳи парлумонии Кумитаи доимоамалкунадаи сармоягузории самти фаъолияти ҷавонон интихоб шудааст.
Сипас, дар назди иштирокчиёни конференсия Пратибха Меҳта — ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндагии доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Миеко Ябута — роҳбари минтақавии нуфузи аҳолии СММ (UNFPA) дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, Кейзо Такеми — вакили парлумони Япония, директори Анҷумани парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (АФПНР), ҳамраиси Кумитаи доимоамалкунанда оид ба пиршавии аҳолӣ, Ҳаҷимэ Китаока — Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Тоҷикистон, Олимзода Насим Хоҷа — вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, роҷеъ ба мавзӯи мавриди баррасӣ андешаҳояшонро баён доштанд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ