Чунин аст таснифи қабули Конститутсия ва эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
Соҳибистиқлол гардидани кишвар зарурати эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои ба арзишҳои демократӣ вобастаро ба вуҷуд овард. Табиист, ки расидан ба ин ҳадафҳо бидуни қабули Конститутсияи нав ғайриимкон буд.
Ин раванд, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад. Маҳз бо назардошти андешаву пешниҳод, азми қавӣ ва кӯшишу талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия тавонистанд ин рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намоянд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки гурӯҳи корӣ бо қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 1993 таъсис ёфта, дар раванди таҳия ва баррасии лоиҳаи Конститутсияи кишвар шаҳрвандон низ фаъолона иштирок карданд ва ба гурӯҳи корӣ фикру пешниҳодҳояшонро манзур намуданд. Ҳамчунин, таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон омӯхтаю истифода шуданд.
Ба шарофати нуктасанҷиву воқеъбинии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳияи ин санади муҳим дар муддати бениҳоят кӯтоҳ он натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ бахшид. Дар асоси он Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфта, қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ — Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд. Бегуфтугӯ, ин омил бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ маҳсуб шуда, ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ усулу имконоти бо роҳи гуфтушунид ва дар чорчӯбаи қонун ҳал намудани ихтилофоти дохилиро муаррифӣ намуд.
Қабули Конститутсия дар баробари омилҳои дигар, назди давлату миллат вазифаҳои бузурги таърихиро низ пеш гузошт. Муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ ва низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буд. Рисолати дигар — муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаю дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва рушди он ҳамчун давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард.
МОҲИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
«Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 идомаи мантиқии иқдомҳои хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷанбаи дигари муҳиме, ки бояд мадди назар дошта бошем, аз ҳуҷҷати бениҳоят муҳиму сарнавиштсоз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» маншаъ гирифтани тасмими мавриди назар аст.
Муҳимтар аз ҳама, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардидани чорабиниҳои марбут ба ин иқдом ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои ҳуқуқӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти мунтазами мақсадноки давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ бо мақсади муқовимат ба нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавии шахс мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд.
Агар маърифати ҳуқуқиро муфассалтар шарҳу тавзеҳ доданӣ шавем, пас месазад ёдовар гардем, ки он аз ду истилоҳ «маърифат» ва «ҳуқуқ» таркиб ёфтааст. Калимаи маърифат дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба панҷ маъно омада, он раванди иҷтимоӣ-таърихии фаъолияти эҷодии одамон арзёбӣ шудааст.
Мафҳуми «ҳуқуқ» бошад, қоидаҳои рафтори ба ҳама ҳатмӣ маҳсуб мешавад, ки таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтанаш муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Махсусият он аст, ки ҳама қоидаҳои рафтор меъёрҳои ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Ҳангоми иҷро накардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ давлат ба вайронкунандагони меъёрҳои ҳуқуқ таъсир мерасонад ва онҳоро ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ё суд маҷбуран иҷро мекунонад.
НАМУНАИ ИБРАТ
Дар тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» зикр шудааст, ки ин иқдом дар баробари дигар омилҳо ба иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд.
Пажӯҳиши масъалаи мазкур собит намуд, ки таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони шурӯъ гардидани давлатдориашон ба қабули қонунҳои ҷавобгӯи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ хоса ва доимист. Ин омил зимни истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баръало буда, бо итминони комил метавон гуфт, ки кулли дастовардҳои марбут ба ҳуқуқэҷодкунӣ маҳз аз ин омил маншаъ гирифтаанд.
Далели раднопазир аст, ки ташаббусҳои қонунгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такмили қонунгузорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳким ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди соҳибкории хурду миёна ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, танзими фаъолияти низоми бонкӣ, амалӣ гаштани сиёсати андозу молия нақши калидӣ доранд.
Аз ҷумла, маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ду қонуни ҳаётан муҳими миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд ва аввалин маротиба дар таҷрибаи ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун баргузор гардида буд. Аҳамияти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун дар он зоҳир мешавад, ки тавассути он, аз як тараф, иродаи миллионҳо нафар шаҳрвандон дар матни қонун ифода мегардад, аз тарафи дигар, шаҳрвандон дар муҳокимаи лоиҳаи қонун ва такмили он ширкат варзида, бо ҳамин роҳ масъулияти онҳо дар пешрафти ҷомеа баланд мешавад.
Муҳим он аст, ки ташаббусҳои мазкур бо мақсади ташкилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, рушду нумӯи мамлакат ва танзими қонунии муносибатҳои нави ҷомеа амалӣ гардидаанд.
ШАШ РИСОЛАТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Дар бобати сохтори маърифати ҳуқуқӣ тавсиф низ гуногун аст. Инҷониб ба он андеша, ки сохтори маърифати ҳуқуқӣ аз ҳуқуқ, шуури ҳуқуқӣ, менталитети ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, фаъолияти қонунии субъектҳо, илми ҳуқуқшиносӣ таркиб ёфтааст, ҳамфикрам.
Масъалаи дигаре, ки зимни шарҳу тавзеҳи маърифати ҳуқуқӣ то андозае аз мадди назар дур мондааст, рисолати маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Омӯзиши масъала муайян намуд, ки маърифати ҳуқуқӣ шаш рисолат дорад. Якум, рисолати танзимкунанда, ки дар таъмини механизми устувору самарабахши рушди низоми ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани тартибот дар муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси идеалҳо, ақидаҳои прогрессивӣ, анъана ва намунаҳои рафтори тасдиқкардаи маърифати ҳуқуқӣ зоҳир мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ тавассути функсияи танзимӣ самти мусбати фаъолият ва амали шахсро дар ҳолатҳои дорои мазмуни ҳуқуқӣ муайян мекунад, ба рафтори одамон дар ҷомеа таъсир мерасонад, ба татбиқи донишҳои андӯхта дар бораи воқеияти ҳуқуқӣ мусоидат мекунад
Рисолати маърифатӣ бошад, ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои гуногуни ҷомеа ва фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва маънавии рушди озоди шахсият, эҳтироми шаъну эътибори ӯ, эътирофи арзиши олии ӯ нигаронида шудааст. Он ба ҳамоҳангии манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ мусоидат мекунад, ба вуҷуд овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва маънавии фаъолияти умумибашариро таъмин мекунад
Арзишию меъёрӣ рисолати дигари маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи арзишҳо дар ҳуқуқ ва ҳуқуқ ҳамчун арзиши иҷтимоӣ сухан ронем. Функсияи арзишию меъёрӣ ба чунин сифатҳои инфиродии ашхос, ба монанди аъмол, баҳодиҳии танқидии онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқӣ асос ёфтааст. Ин ҳолат аксар вақт тавассути муқоисаи вазъияти мушаххаси ҳуқуқӣ имконпазир мегардад.
Рисолати тарбиявии маърифати ҳуқуқӣ ба ташаккули сифатҳои ҳуқуқии шахс, огоҳии комил аз ҳуқуқу уҳдадориҳо, механизми ҳифзи ҳуқуқии онҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар, тайёр будани шахс ба амали қонунӣ дар дилхоҳ вазъият рабт дорад.
Рисолати коммуникативӣ қодир аст, ки робитаву муоширатро миёни инсонҳо тақвият бахшад. Ин рисолат тавассути усулҳои гуногун, аз ҷумла илмӣ ва ҳуқуқӣ (андешаҳои олимон тавассути нашри монография, мақолаҳо ва ғайра), таълимӣ ва ҳуқуқӣ (тавассути муассисаҳои таълимӣ), иттилооти ҳуқуқӣ, ки аз воситаҳои ахбори омма қобили дарёфт аст, амалӣ мешавад.
Пешгӯӣ рисолати шашуми маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, ба таҳлили тамоюлҳои рушди низоми ҳуқуқӣ, муайян намудани воқеият барои ноил шудан ба мақсадҳои маърифати ҳуқуқӣ, дарёфти арзиш, сифат ва хосияти марбут ба масъалаи ҳуқуқӣ равона гардидааст.
Зимнан, месазад аз намудҳои маърифати ҳуқуқӣ — маърифати ҳуқуқии ҷомеа, маърифати ҳуқуқии шахс ва маърифати ҳуқуқии гурӯҳи касбӣ ёдовар шавем. Маърифати ҳуқуқии ҷомеа низоми арзишҳоро, ки инсоният дар соҳаи ҳуқуқ ба даст овардааст ва бо воқеияти ҳуқуқии ҷомеаи мазкур алоқаманд аст (сатҳи шуури ҳуқуқӣ, низоми қонуният ва тартибот, қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқӣ ва ғайра), дар бар мегирад.
Намуди дуюм ба маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва таъмини фаъолияти қонунии ӯ вобаста аст. Маърифати ҳуқуқии шахс мавҷуд будани донишҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ-ҳуқуқӣ, табдил додани иттилоот ва донишҳои ҳуқуқии ҷамъшуда ба эътиқоди ҳуқуқӣ ва дар ҳолати нақз шудани ҳуқуқҳо худро ҳифз карда тавонистанро мадди назар дорад.
Маърифати ҳуқуқии гурӯҳи касбӣ, ки намуди сеюми маърифати ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад, дониши фарогир ва расмишуда вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дарки дурусти принсипҳои ҳуқуқ, муносибати касбӣ ба қонун ва амалияи татбиқи он, мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ё принсипҳои қонуният амал намудан, дараҷаи баланди дониши ҳуқуқӣ дар фаъолият аз ҷониби ҳуқуқшинос мебошад.
Дар ин робита бояд мадди назар дошт, ки маърифати ҳуқуқӣ, асосан дар се сатҳ — маърифати ҳуқуқии муқаррарӣ (оммавӣ), маърифати ҳуқуқии касбӣ ва маърифати ҳуқуқии назариявӣ зоҳир мегардад.
Сатҳи аввал маърифати ҳуқуқии ҳама субъектҳои иҷтимоӣ мебошад, ки ҳадафи тағйир додани нишондодҳои низоми ҳуқуқии ҷомеаро надошта, мақсад ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ маҳсуб мешавад.
Маърифати ҳуқуқии касбӣ маърифати ҳуқуқии субъектҳои махсуси иҷтимоӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба эҷод, таъмини меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси дониши илмии низоми ҳуқуқии ҷамъиятӣ вобаста аст.
Сатҳи сеюм — маърифати ҳуқуқии назариявӣ дониши илмиро дар бораи моҳият, таъинот, таъсири мутақобилаи падидаҳои ҳуқуқӣ, механизми танзими ҳуқуқӣ ифода мекунад. Он бо ҷидду ҷаҳди коллективонаи файласуфон, сотсиологҳо, ҳуқуқшиносон, таҷрибаи ҷамъиятии кормандони амалӣ инкишоф ёфта, доираи фарогириаш нисбатан густурда аст.
ҚОНУНЕ, КИ ТАШАККУЛДИҲАНДАИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИСТ
Санади меъёрии ҳуқуқие, ки бо назардошти мазмуну моҳият ва муқаррарот қодир аст дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ саҳм гузорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мебошад. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ мафҳумҳое мадди назаранд, ки бевосита мазмуну моҳият ва зарурияти мафҳуми маърифати ҳуқуқиро ифода менамоянд.
Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» иқдоми муҳиму саривақтӣ ва дастоварди арзанда маҳсуб мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат то ин дам як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуда буд, ки дар онҳо тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон меҳваранд. Вале то ҳол қонуни алоҳидае, ки ин масъаларо пурра дар бар гирад, қабул нашуда буд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мақолаи хеш бо номи «Маҷлиси миллӣ зодаи даврони истиқлолият аст» вобаста ба масъалаи мавриди назар чунин нигоштаанд: «Раванди сиёсии ҷаҳони муосир дар марҳилаи ҳозира хеле зидду нақиз аст. Агар аз як тараф, баъзе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мехоҳанд арзишҳои сунъии либералиро, ки ба арзишҳои суннатии миллат мувофиқ нестанд, иҷборан таҳмил намоянд, аз ҷониби дигар, баъзе аз кишварҳо мехоҳанд дар ҷомеа андешаву афкори маҳдуди радикалии динӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ намоянд, ки ба ормонҳои миллӣ мисли «истиқлолият», «ватандӯстӣ», «адолат», «баробарҳуқуқӣ» ва «таҳаммулпазирӣ» мувофиқ нестанд».
Дар робита ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» сохторҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро мебояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро мавриди омӯзиши амиқтар қарор диҳанд.
Хулосаи ниҳоӣ он аст, ки эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бениҳоят муҳиму саривақтӣ буда, дар заминаи ин иқдом сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон беҳтар мегардад ва тарғиби арзишҳои демократӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид хоҳад шуд. Илова бар ин, волоияти ҳуқуқи инсон таъмину мақоми қонун баландтар гардида, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ маъмултар хоҳад шуд.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», номзади илмҳои сиёсӣ