Чанде пеш дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷамъомади корӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Шамсиддин Зуҳурзода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кумитаи маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, нозирони минтақавӣ ва имомхатибон иштирок доштанд.
Раиси ноҳия қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ҷамъомад баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ, мунтазам доир намудани шанбегиҳо ва ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ва гирду атрофи биноҳои маъмурӣ мебошад.
Сардори ШВКД дар ноҳия Шамсиддин Зуҳурзода доир ба фаъолияти гурӯҳҳои кории шуъбаи милитсия дар ин самт маълумот дод. Ӯ таъкид кард, ки бо ҷалби мақомоти марбута ва аҳли ҷамоатчигӣ дар миқёси ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» гузаронида мешавад. Мақсади амалиёт иборат аз пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстремистӣ, оворагардӣ ва ҷинояткории ноболиғон ва ҷавонон, таъмини риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва маданияти ронандагӣ, танзими фаъолияти фурӯшандагони бозор ва марказҳои савдо мебошад.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»