Ҷамоати шаҳраки Чойрух аз маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд дар масофаи зиёда аз 20 км ҷойгир аст. Ба қавле, замонаҳо дигар шуданду навгониҳо ба соҳаҳои хоҷагии халқ ворид гардиданд, вале дар Чойрух, ки замоне аз ҷумлаи шаҳракҳои маъруф маҳсуб меёфт, қариб ки ягон навгоние ворид нашуд.
Масалан, то кунун автобуси мусофиркашони замони шӯравӣ, ки андаке «ҷон дар рамақ» дорад, мувофиқи ҷадвали корӣ дар як соат як маротиба аз бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳрак ҳаракат мекунад. Ба он мешинеду ҳамеша дар хавотиред, ки ҳамин ҳоло аз кор мебарояду шумо дар нимароҳ мемонед. Борҳо шудааст, ки оби муҳаррики мошин ҷӯшидаасту дасту пойи мусофирони дар қафои автобус нишастаро сӯзондааст. Пружинаҳои нишастгоҳҳои мусофиркаш баромадаанду латтапораҳояш чиркину ифлосанд.
Бо сабаби барҳам хӯрдани ягона корхонаи калони шаҳрак нафарони зиёде дар ҷустуҷӯйи ҷойи кор ба маркази вилоят равуо мекунанд. Яке дар бозор ба савдо машғул асту дигаре ба хизматгории ягон сарватманд меравад ё ба бозори мардикорон. Акнун тасаввур кунед, ки ин нафарон барои сари вақт то расидан ба ҷойи кор чӣ қадар дар изтироб хоҳанд буд. Агар дер монанд, аз ҷойи кор маҳрум мешаванд. Дар бораи донишҷӯён ҷойи гап ҳам нест. Онҳо дар ин гуна ҳолатҳо мурғи посӯхтаро мемонанд, зеро агар ба дарсҳо дер монанд, аз донишгоҳ хориҷ мешаванд. Таҳсили аксари онҳо пулакӣ аст.
Мо — сокинон ҷиҳати ташкили ҳаракати микроавтобусҳо борҳо ба мақомоти шаҳрак ва шаҳри Гулистон муроҷиат кардаем, вале ҳар дафъа бо ҳар баҳона баррасии дархостамон тӯл мекашад. Ҳатто мақомоти шаҳри Гулистон бепарвоёна изҳор доштанд, ки «барои Чойрух ҳамин автобус кифоя аст».
Ҳоло тавассути рӯзномаи «Садои мардум» аз онҳо пурсиданием, ки чаро дар дигар шаҳракҳо ҳаракати микроавтобус мумкин будаасту дар мо не? Магар мо аз модари ӯгаем?
Замира ОҚИЛОВА, сокини шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистони вилояти Суғд