Магар офтобро бо доман пӯшонида мешавад?

№91 (4353) 10.07.2021

90-1613650282-alena-post-materialСарзамине, ки ҳоло бо номи Рашт маъруф аст, дар қадим низ бо ҳамин ном шуҳрат дошт, аммо баъди асри XIV бо номи Қаротегин ёд мешавад. Чунон ки аз гуфтаи муаррихони пешин бармеояд, дар асрҳои I ва II пеш аз мелод аз ин мавзеи тоҷикнишин Паретакен ном мебурданд. Аз гуфтаи донишманди тоҷик Муҳтарам Ҳотам маълум мешавад, ки баъд номи Паретакен вайрон гардида, ба Қаротегин табдил ёфтааст.

Дар баробари ин, олими маъруфи забоншинос Шамсулло Исмоилов калимаи Қаротегин ё Қартегинро аз вожаи «Каратегин» медонад ва маънои онро қаторкӯҳҳои баланд гуфтаанд. То соли 1930 сокинони маҳаллӣ диёрро Қартеғин ном мебурданд ва ин гӯиш то ба ҳол дар шеваи сокинони водии Камаров зинда аст.

 Қаротегин яке аз қисмҳои асосии тоҷикнишин мебошад, ки мардум аз давраҳои хеле қадим дар он маскан гирифта буданд.

Олими рус В. В. Григорев, ки оид ба қавмҳои бостонии эронӣ таҳқиқоти назаррас анҷом додааст, қарни XIX дар чанд мақолааш менависад, ки замони юриши Мақдуниён ба Осиёи Миёна дар Қаротегину Олой қабилаҳои ориёии сакоиҳо зиндагӣ мекарданд, ки яке аз аҷдодони бевоситаи тоҷикон ба шумор мераванд. Агар ба тадқиқоти ин олими варзида такя намоем, бешубҳа, замоне аҷдодони мо то Олой соҳиби ин хоку об будаанд.

Бостоншиносон даврони Ҳокимияти Шӯравӣ муайян карданд, ки дар мавзеи Лахши ноҳияи Лахш шаҳр ва қалъаи қадима будааст. Дар он пеш аз пайдоиши дини ислом одамон зиндагонӣ доштаанд. Ба ин тангаҳои сикказадашуда, олоти меҳнат ва асбобу анҷоми дарёфтшудаи рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд.

Рӯи ашёи ёфтшуда, дар қатори дигар нақшу нигор, асосан чор гул сабт гардидааст. Бинобар ин, бостоншиносон ин мавзеи қадимаро шаҳри Чоргул ном ниҳодаанд. Шаҳри Чоргул дар қисмати шарқии Дашти Лахш воқеъ гардидааст, ки аз тарафи шарқ онро теппакӯҳи хеле баланд иҳота намудааст.

Ҷустуҷӯҳои археологӣ дар чуқурии беш аз 1,5- 2 метр гузаронида шудаанд. Қабати хоку санги тозакардашуда аз он шаҳодат додаанд, ки шаҳри мазкур дар натиҷаи аз кӯҳ лағшидани хоку лойи зиёд хароб гардидааст.

Дар сағонаҳо фавтидагон бо аслиҳа ва дигар ашё якҷоя гӯронида, ҳангоми дафн расму оини дини ислом риоя нагардидааст. Аз ин рӯ, олимон ба хулоса омадаанд, ки ин шаҳри харобгардида дар давраҳои то пайдоиши дини ислом арзи вуҷуд дошта, баъдтар хароб гардидааст. Ҳамчунин, қисме аз навиштаҳои болои ашё гувоҳи он аст, ки шаҳр яке аз марказҳои қабилаҳои ориёӣ-кумедҳо-аҷдоди замони пеш аз исломи тоҷикони ҳозира мебошанд.

Таърихшиноси машҳури тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубов дар бораи ин мавзеъ навиштааст: «Мо дар водии Сурхоб аз Нуробод то Ҷиргатол зиёда аз 50 ёдгории давраҳои гуногунро кашф намудаем, ки аҳамияти таърихӣ доранд. Кофтуковҳои мо дар Лахш саҳифаҳои нави таърихиро кушоданд. Дар совхозҳои Лахш се намуд гӯрхонаҳои қадимиро ёфтем. Гӯрхонаҳо ба даври сакоиҳо — кумедҳо (асрҳои IV — III пеш аз мелод) тааллуқ дошта, гуфтаҳои Птоломейро, дар бораи он ки аҳолии водии Сур­хобро кумедҳо ташкил мекунанд, тасдиқ мекунад.

Мо дар харобаҳои Чоргул ковиш гузаронидем. Таҳқиқот нишон дод, ки бисёр биноҳои шаҳр аз хишти пухта ­сохта шуда буданд. Шаҳр то задухӯрдҳои асри XVI яке аз марказҳои маданияту савдо ба шумор мерафт».

Аз маълумоте, ки таърихнависони қирғиз навиштаанд, маълум мешавад, ки қирғизҳо дар давраи асримиёнагӣ дар назди дарёи Енисей дар Сибир зиндагӣ мекардаанд. Қирғизҳо ба чорводорӣ машғул буда, бештари умрашонро дар хаймаҳо мегузарониданд.

Муҳаққиқони таърихи қавми турктабор В. В. Радлов, В. В. Бартолд, А. Н. Бернштам ва О. К. Караев ба ин назар буданд, ки раванди кӯчиши қирғизҳо ба Тёншон аз чанд марҳила иборат буда, он дар асрҳои XV – XVI ба анҷом расидааст.

В. В. Бартолд, дар асоси маъхазҳои таърихӣ ватани қирғизҳоро болооби Енисей муайян кардааст. Ӯ менависад, ки тирамоҳи соли 1703 ба русҳо хабар расид, ки дар натиҷаи тохтутози қалмиқҳо қирғизҳо аз ватанашон берун баромаданд ва айни замон ягон қирғиз дар он ҷо намондааст.

Донишманди тоҷик, профессор О. Маҷлисов, ки оид ба таърихи водии Рашт таҳқиқот анҷом дода буд, низ менависад, ки қирғизҳо бори нахуст ба Тиёншон дар асри XVI омада буданд. Ӯ дар байни қирғизҳои Қаротегин маълумоти шифоҳӣ ҷамъоварӣ намудааст, ки тибқи он, қирғизҳо гуфтаанд, ки ба ин минтақа аҷдоди онҳо ибтидои асри XVIII кӯч бастаанд.

Ҳамин тариқ, охирҳои асри ХVII дар фасли сармо қавмҳои қирғиз, ки дигар ҷои рафтан надоштанд, аз тарси қабилаҳои қалмоқ ба ҷониби Қаротегину Бадахшон фирор намудаанд ва аз шоҳони ин сарзамин паноҳ хостаанд. Пӯшида нест, ки ниёкони мо — тоҷикон дар ҳама давру замон мардуми дилсӯз ва раҳмдил буданд ва вазъи қирғизҳоро дар фасли сармо дида, дар Бадахшон ва Қаротегин ба онҳо барои иқомат ҷой доданд. Ба қавли таърихнависон, шумораи онҳо 12 ҳазор нафар будааст ва оҳиста-оҳиста пароканда шуда, то ба Ҳисору Кӯлоб паҳн шудаанд.

Муаллифи «Таърихи Ҳумоюн» Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулханӣ, ки охирҳои асри XIX ба саёҳати Қаротегин омада буд, дар ин боб менависад: «Ва ин вилоят касиру-н-нуфустарин иёлоти кӯҳистон аст. Ва ин иёлот дорои 18 қурғон(қалъа) ва қазоӣ(қозигарӣ) аст… Ҳудуди арбаъаи он шарқан кӯҳи Помир, шимолан водии Зарафшон, ғарбан кӯҳис­тони Сағониён, ҷанубан Чиҳилдараи тавобеи Дарвоз аст…

Ва масофаи вилояти Қаротегин то Бухорои Шариф ҳаштоду чаҳор фарсах аст, дар таҳти ақабаи Помиру Тибет ва дуони Кошғар дар суҳозии Фарғона аст. Аҳолии ин мамлакат ду фирқаанд: яке тоҷик, дигаре узбак. Узбаки он баид аст аз маркази ҳукумати он ва онҳо ҳама аҳли хиргоҳ ва хайманишинанд ва молики галла ва мавошианд, зироат надоранд. Ба ҷониби шимоливу шарқии Қаротегин ба сари роҳи Фарғона мебошад. Ҷамъияти нуфуси онҳо ба таҳти кӯҳу дашт миқдори сӣ ҳазор хонаводаанд. Қабилаи онҳо маъруфу машҳур аст ба қарақирғиз. Ба онҳо ду нафар элбегӣ ва раиси қабила аст аз тарафи ҳокими вилояти Қаротегин».

Аз гуфтаи Гулханӣ маълум мешавад, ки ҳукумати вилояти Қаротегин ба воситаи мансабдоронаш онҳоро назорат мекардааст. Барои кишти зироат ба онҳо замин надода, танҳо чарогоҳҳоро ба ихтиёрашон гузоштааст. Дар баробари ин, онҳо чорвои сарватмандони қаротегиниро низ нигоҳубин мекардаанд.

Солҳое, ки баъди хатми Донишкадаи омӯзгорӣ барои кор ба мактаби деҳа омадам, муаллими донишманд Киромиддин Маҳмадов, ки аз таърихи Қаротегин хеле хуб огоҳ буд, дар мавриди марзи Қаротегину Фарғона сухан кард. Вай аз дафтари қайдҳояш чанд пора хонд. Аз ҷумла, ба ёд дорам, ки гуфт: «Баъди заволи давлати хонигарии Қӯқанд Россияи подшоҳӣ вилояти Фарғонаро ташкил кард ва бо шоҳи Қаротегин қарордод ба имзо расид. Аз ҷониби Россия ба қарордод генерал-губернатори Туркистон Константин Петрович фон Кауфман имзо гузошт. Мувофиқи қарордод сарҳади байни Фарғона ва Қаротегин дар панҷ километрии деҳаи Гулча муқаррар шуд. Қисмати зиёди аҳолӣ аз шумори он қирғизҳое ҳастанд, ки ба вилояти Қаротегин паноҳ оварда буданд. Гулча ҳоло яке аз марказҳои маъмурии Қирғизис­тон аст ва беш аз 20 ҳазор аҳолӣ дорад. Баъди Инқилоби Октябр чун Ҳокимияти Шӯравӣ аз сарзамини бузурги ниёкон тоҷиконро ҷудо карду дар як вилояти хурд ҷой дод, қисми зиёди заминҳои Қаротегин таҳти тасарруфи бегонагон монданд».

Мутаассифона, баъди марги муаллими куҳансол дафтари қайдҳояшро ёфта натавонистам ва бовар дорам, ки бо мақсади барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ бостоншиносони тоҷик нусхаи қарордодро аз бойгонии Федератсияи Россия пайдо менамоянд.

Ҳоло қирғизҳо аз рӯи масали халқӣ «Дузди зӯр соҳиби говро мутаҳҳам карданист», амал намуда, офтобро бо доман пӯшонидан мехоҳанд ва сарзаминро, ки дар он гузаштаҳои мо тӯли се — чор ҳазор сол зиндагӣ кардаанд, ба қабилаҳои хайманишини кӯчманчӣ мутааллиқ медонанд. Ҳамчунин, бар ивази меҳрубониву ғамхории тоҷикон бадиро пеша кардаанд, вале ҳар фарди тоҷик ин ҳақиқатро медонад ва итминони комил дорем, миллати бонангу ори тоҷик намегузорад, ки нохалафе бо пои олуда ин хоки муқаддасро нопок гардонад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»