Вокуниш

Магар помириҳо тоҷик нестанд?

№34 (3671) 30.03.2017

СпутникЁ худ олимтарошии устои ҷавони барқ

«Пеш аз оне сухане гӯӣ, санҷида бин, ки оё забонат ба майнаат пайваст аст?». (Андарз)

Ба ҳақиқати ин гуфта баъд аз мутолиаи мусоҳибаи рӯзноманигори рус Дмитрий Матвеев бо муҳоҷири тоҷикистонӣ Нурулло Ҷумъахонов таҳти унвони «Помирие аз Санкт-Петербург; махсусиятҳои сокинони Бадахшони Кӯҳӣ» дар сомонаи «Спутник» (ru.sputnik-tj.com), ки мақсад аз он ҷуз тафриқаандозӣ нест, боварӣ ҳосил намудам. Ғамгин аз он гаштам, ки Тоҷикистони азиз дар қатори родмардон, тоифаи беандешаю ношукрро низ мепарваридааст. Мутаассифона, ин гунаҳо танҳо хоси як маҳалу минтақа набуда, дар ҳама ҷо вомехӯранд. Дар суҳбате ба як ҳамшаҳрии худ низ гуфта будам, ки дигар миллатҳо дар кашфи сайёраҳои наванду ту бошӣ таги сангҳои кӯҳиро кофта, аз он ҷо рӯидани ким – кадом соҳибмансаби ҳамшаҳриро исбот карданӣ ҳастӣ, ки фақат дар ғами худ аст. Мансаб доштан нишонаи бузургӣ нест. Ифтихор бошад, танҳо бо бузургмардон, онҳое, ки аз ҷониби мардум эътироф гардидаанд, шоиста аст.

Аз сарзамини замоне паҳноварамон пораяки хурде бо номи Тоҷикистон боқӣ мондаасту ҳамонро ҳам солҳои навадуми асри гузашта бо кумаки ҳамин гуна ҳамшаҳриҳо кӯшиши барҳам задан доштанд. Хушбахтона, миллати тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмату қурбониҳои зиёд нақшаҳои ифлоси душманонро барбод дод ва давлате сохт, ки имрӯз дар он ҳама озодона, бе тарсу ҳарос гаштугузор, кору зиндагӣ доранд. Дар солҳои бистум-сиюми асри гузашта низ барои нигоҳ доштани масоҳати имрӯзаи кишвар беҳтарин фарзандони миллати ҷафокашидаи тоҷик ба мисли Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҷон бохта буданд.

Сахт иштибоҳ мекунем, агар пиндорем, ки душманону хоинони миллати тоҷик аз ниятҳои нопоки худ даст кашидаанд. Ҳамин аст, ки бо истифода аз ҷангҳои иттилоотӣ миллати моро сиёҳ карданӣ мешаванд. Кадом як Кӯчие тоҷиконро иборат аз 5 миллиону таъриху забонгумкарда ва русшуда, дигаре туркҳои тоҷикшуда меҳисобанду мо хомӯшем. Суханонеро бо чунин шева аз забони онҳое шунидан дарднок аст, ки хуни нофашон дар ин сарзамин рехтаю бо обу нони он ба камол расидаанд. Агар дар баёни чунин андешаҳои бемантиқ Н. Ҷумъахонов ягона мебуд, боке надошт, зеро ҷавон асту бехабар аз фитнаи онҳое, ки аз ӯ қаҳрамон тарошиданӣ шудаанд. Дигар ин ки як рӯз дар Тоҷикистон таҳсил накарда, аз таъриху адабиёти миллат огоҳӣ надошта, он ҳамаро аз куҷо медонад? Аниқтараш, рӯзноманигор Д. Матвеев он ҳама фарзияҳоро дастрас ва ба номи ӯ дар мусоҳибаи кӯчагиаш ҷой додааст. Кӣ ба ин ҷавони кӯтоҳандеш ҳуқуқ дода бошад, ки аз номи мардуми вилояти калоне сухан гуфта, миллату давлатеро таҳқир намояд? Агар нияти рӯзноманигор нек мебуд, ба Тоҷикистон меомад, аз ҷумла ба Бадахшон ва аз наздик бо сокинони солор, бо олимону донишмандони соҳа суҳбат меорост. «Ғайбати худӣ меҳри бегонаро мегурезонад», — омадааст дар мақоле. Аз мақола бармеояд, ки бадахшониҳо тоҷик набудаанду онҳоро зӯран тоҷик гузарондаанд ва он удабою уламое, ки аз Бадахшон рӯида ва барои миллату Ватан ҷоннисориҳо кардаанд низ тоҷик нестанд.

Ин баҳс боис гашту бо муҳтавои мақолаи Екатерина Назаршоева ном муҳоҷирдухтари бадахшӣ дар Федератсияи Россия «Бегонае дар байни худиҳо ё боз ҳам дар бораи миллатчигӣ дар Тоҷикистон» шинос шудам. Мутаассифона, номбурда низ ба паст задани мардуми минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ даст задааст ва нисбат ба тоҷику Тоҷикистон туҳматҳои маҳзро ҷоиз донистааст, ки ба қазовати хонандагони рӯзнома вогузор менамоем:

«Дар даврони шӯравӣ помириҳо аз лиҳози ҷидду ҷаҳд ба донишомӯзӣ фарқ мекарданд ва бисёрашон дар муассисаҳои олӣ таҳсил кардаанд. То ҳанӯз дар саводнокӣ ва доштани «ақидаҳои пешқадам» (баробарҳуқуқӣ, гуногунандешӣ) бартарият дар тарафи помириҳо мебошад. Дониш дар тарафи мо мебошад, на пул. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1991 — 1998) помириҳо аз зулм ва муносибатҳои манфӣ аз тарафи дигар тоҷикон ҷабрҳо дидаанд, онҳоро ба кор дар муассисаҳои давлатӣ намегирифтанд, ба сарашон дод зада, «кофир» (бедин) мегуфтанд, занҳоро таҷовуз мекарданд, ҷавононро мезаданд. Мисолҳо ва таҷрибаҳои бениҳоят зиёд бозгӯйи онанд, ки помириҳо дар давлати худ бегона ҳастанд. Ҳолатҳое низ буданд,ки ҷавонони дилдода бо ҷурми помирӣ будани як тараф ва суннӣ будани тарафи дигар ба ҳам оила бунёд карда наметаво­ни­с­­танд, ки маънои мусалмони комил набудани помириҳоро дошт…

Ҳоло бошад, ман ҳамчун помиридухтар, муҳоҷир ва шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳама ҷо ва акнун дар Россия тазйиқу фишори ҳамешагиро ҳис мекунам».

Одами ноогоҳ ин сатрҳоро хонда, ба хулосае меояд, ки ҷанги Е. Назаршоева дарназардошта сирф бар зидди сокинони Бадахшон ташкил шуда будааст ва ҳамаи он 150 ҳазор қурбонӣ ҳам бадахшонӣ будаанд. Даъвои Е. Назаршоева аз айбномаи беасоси миллатгароёни рус, ки гӯё дар ҷанги номбурда, фақат русҳоро қир ва дар чуқуриҳо дастаҷамъона зери хок мекарданд, фарқе намекунад. Дар куҷо дидеду шунидед, ки ба хотири аз Бадахшон будан, касеро ба кор нагирифта бошанд ё носазо гуфта бошанд? Ё мақомоти қудратӣ ҳуқуқи намояндагони Бадахшонро ҳимоя намекардаанду ҳоло ҳам помириҳо дар Тоҷикистон мавриди таҳқиру таъқиб қарор доштаанд? Бо кадом далел намояндагони дигар минтақаҳои Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати нуфус бамаротиб аз аҳолии Бадахшон зиёданд, ҳама бесаводу бемаърифат будаанд?

Дар шаҳри Душанбе аз солҳои шӯравӣ то ба имрӯз зиёд намояндагони Бадахшон кору зиндагӣ доранд. Кушта шудани Парвиз Давлатбекови 24-сола дар арафаи соли нави мелодии 2011, ки муаллиф мисол овардааст, на танҳо Екатерина, балки сокинони шаҳрро ғамгин карда буд ва ба он тобиши сиёсӣ додан хуб нест. Ин тавр ки бошад, дар кушта шудани намояндагони дигар минтақаҳо аз дасти ҷинояткорон, қурбониёни ҳодисаҳои охири Бадахшон ва онҳое, ки ҳар рӯз аз истеъмоли маводи мухаддири нашъаҷаллобони маҳаллӣ мефавтанд, киро гунаҳкор бояд кард?

Аз овони донишҷӯйӣ бо бадахшониҳои зиёде ҳамкорӣ дорам ва дар онҳо ҳисси баландтари ифтихорро ба миллату Ватан эҳсос намудаам. Боре нашунидаам, ки аз тоҷик будан ор карда бошанд.

Бармегардем сари андешаҳои Н. Ҷумъахонов, ки зодаи деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошими ВМКБ аст. Бо оилаашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкт-Петербург рафта, ҳамон ҷо таҳсили ибтидоӣ ва баъдан ихтисоси устои барқро соҳиб шудааст. Ному насаби ӯ тоҷикӣ мебошад, вале худро тоҷик намедонад. Суоле пайдо мешавад, ки чаро то ҳол ному насабашро дигар накардааст?

Д. Матвеев аз номи Нурулло навиштааст: «дар вилояте, ки ман таваллуд шудаам, бо забони ишкошимӣ гуфтугӯ мекунанд. Дар ноҳияҳои Бадахшони Афғонистон бошад, бо забони вахонӣ. Дар забонҳои маҳаллӣ ва шеваҳо роҳгум задан хеле саҳл аст».

Дар ҳақиқат, шумораи лаҳҷаҳои помирӣ: язгуломӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, хӯфӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ, ишкошимӣ, вахонӣ, мунҷонӣ, йидигӣ хеле зиёданд. Пас кадоме аз онҳо помирианду кадоме не? Н. Ҷумъахонов бо ҳамин аломатҳо мардуми помирро аз тоҷикон ҷудо карданӣ шудааст. Муддаиён боз баён доштаанд, ки «мавқеи шеваҳои помириро забони тоҷикӣ ҳамеша танг мекардааст. Онҳоро баъзе мардуми кӯҳистон, ҳатто дар доираи оилавӣ ҳам, кам истифода мебурдагӣ шудаанд. Масалан, дар ВМКБ забони расмӣ тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Маҳз аз рӯи он таълим дар мактабҳо сурат мегирад. Аммо дар робита ба помириҳои Афғонистон қайд кардан лозим аст, ки дар ҳудуди онҳо амалан мактабҳо нестанд, бинобар ин аҳолии он ҷо саросар бесаводанд.

Дар мақолаи ба ҳамин мавзӯъ бахшидаи Қирғизбек Қонунов, як фаъоли ҷамъиятӣ, чунин андеша баён шудааст:

- Масъалаи Помир ҳамеша қисмати муайяни ҷомеаи тоҷикро водор месозад, ки мавқеи мудофиавиро ихтихоб намояд. Махсусан, ба ин масъала ҳукумати марказӣ ғамхорона муносибат менамояд…

Бисёриҳо дар ҷомеа ҳанӯз ба хулосаи аниқе наомадаанд, ки тоҷик ё помирианд ва худи помириҳо ҳам кайҳо дар ин масъала раҳгум задаанд. Вале мақсад на ин аст! Дар бисёре аз мамолики пешрафта мафҳуми шаҳрвандӣ кайҳо аз баромади этникӣ авлавият пайдо карда, дар як вақт ба зиёд баҳсҳои манфӣ бе расондани зиён ба худмухтории халқҳои расму оинҳои худро нигоҳдошта нуқта гузоштааст. Барои баъзе мамлакатҳои Ғарб муяссар шудааст, ки мавқеи гуногунандешӣ, майдафарҳангӣ ва гуногунрангиро танг карда, ба хотири ҳамзистии халқияту миллат, қавмият ва соҳибони фарҳангу динҳои гуногун дар як қаламрави бузург шароит фароҳам оваранд. Ҳатто дар Афғонистон муҳокимаи аз шиносномаҳои афғонӣ бардоштани сабти миллият шурӯъ гардидааст. Дар мо бошад, ба ҷойи машғул шудан ба масъалаи рушди ҷомеа ва давлат  баъзеҳо ба тафриқаандозӣ камар бастаанд.

Барои ман, ҳамчун собиқ мутахассиси соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ вуҷуд доштани теъдоди зиёди қавмияту халқиятҳои гуногун аз омилҳои асосии ҷалбкунанда ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, мо қодир ҳастем, ки ин имконияти додаи Худовандиро низ ба проблема табдил диҳем. Дар Тоҷикистон ифтихор доранд, ки қадимтарин халқи минтақа ба шумор мераванд ва яке аз он далелҳо мавҷуд будани теъдоди қадимтарин забонҳои шарқӣ – иронӣ – яғнобӣ – помирӣ мебошад. Бо ин забонҳо тамоми аҷдоди тоҷикон дар гуфтугӯ будаанд ва ин далели қотеи таърихист!

Миллати тоҷик ба онҳое, ки худро тоҷик намешуморанд, ба тоҷик номнавис кардан ниёз надорад. Беҳтар мебуд, ки олимону донишмандони варзидаи соҳа ба ин баҳс рӯшанӣ андозанд ва ба он нуқта гузоранд. Мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ҳам ба баромадҳои иғвоангезона бетараф набошанд. Вагарна, ба гуфти бародарони бадахшонӣ, ман ҳеҷ «нафаҳмум», ки помириҳо тоҷиканд ё не?

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»