Дар ҳоле ки аксар кишварҳои олам дар ин ҷода собитқадаманд, «бонги хатар» задани як идда дар робита ба ҷалби муҳассилин ба маршировка «аз таги нохун чирк кофтан» аст
Табиати як идда инсонҳо аҷиб аст. Ин «бузургон» хайрхоҳӣ, дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, анҷом додани фаъолияти ройгон ба нафъи ҷомеаро амри муҳиму саривақтӣ медонанду аксар маврид масъулинро ба нокифоягии ибтикороти дар ин ҷода амалишуда муҷрим меҳисобанд. Ҳамрадиф бо ин, бобати амалӣ намудани иқдомоте, ки кайҳо ҷомаи амал пўшидааст, «варсоқӣ» мехонанд, ки «аз пайи сайде, ки дигарҳо онро пухта хўрдаанд» шуданро монанд аст.
Манзур нороҳатии як идда аз ҷалби муҳассилин ба баргузории чорабиниҳои театришуда, аз ҷумла чорабиниҳои 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад. Қаблан низ сару садоҳо дар ин маврид зиёд буд, вале иштирок дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми мамлакат маро муътақид намуд, ки баъзеҳо бо бозгўйӣ аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури масъалаи мавриди назар, тасмими аҳли ҷомеаро гумроҳ намуданро доранд. Аввалин саволе дар нишаст садо дод, ба ин масъала рабт дошт, хушбахтона, вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ба он посухи асоснок ва қаноатбахш дод.
Банда дар матлаби зер вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» кўшиши қадри тавон бозгўйӣ намудани муҳимияти волонтёрӣ (ризокорӣ)-ро дорам. Зиёд мушоҳида менамоям, ки қисмати аъзами шаҳрвандон, хоса ҷавонон мунтазам лофи ватандорӣ, меҳандўстӣ, худшиносӣ ва ғайра мезананду ба гуфти худашон омодаанд, ки барои Ватан ҷон фидо кунанд. Бигзор бошад! Ҳарчанд ки бо суханпардозӣ наметавон кореро анҷом дод. Дар робита ба ин масъала андешае беҳтар аз суханони Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо накардам, ки фармудаанд: «Барои анҷоми корҳои нек завқ доштан ва Ватанро на бо сухан, балки бо қалб дўст доштан лозим аст». Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки накукорӣ ва анҷоми амалҳои хайр ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигарӣ, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва муттаҳидӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад, ки яке аз шаклҳои паҳнгардидаи он фаъолияти волонтёрӣ мебошад.
Фаъолияти волонтёрӣ фаъолияти гуногунҷабҳаи ихтиёрие мебошад, ки аз тарафи шахсони воқеӣ дар шакли кору хизматрасонӣ ба манфиати ҷомеа бемузд анҷом дода мешавад ва он барои ҳалли мушкилоти актуалӣ ва муосири ҷомеа кумак менамояд. Ҳадафи асосии фаъолияти волонтёрӣ иҷрои корҳои хайриявӣ, бардошти таҷрибаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандон, тавсеаи рушди шахсият, омўхтани таҷрибаи кор аз рўи ихтисоси интихобнамуда ва имкони шинохти худ дар ҷомеа мебошад.
Садҳо мисол мавҷуд аст, ки бо истифода аз волонтёрҳо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон чорабиниҳои сатҳи баландро баргузор намудаву ин омил дар он давлатҳо раванди муттасил гардидааст. Шоҳиди он будем, ки дар Бозиҳои олимпии Пекин — 2008 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Олимпиадаи тобистонаи Лондон — 2012 дар Британияи Кабир маҳз волонтёрҳо неруи асосӣ маҳсуб шуда, хеле фаъол буданд. Вале дар мо ҷалби ҷавонон ва он низ дар заминаи пешниҳоди имтиёзҳо, аз қабили таъмин намудан бо нақлиёт, пардохти маблағи муайян, бо ҷои хоб таъмин намудан ва ғайра боиси нороҳатӣ мегардад. Омили мазкур дар баробари ҷиҳатҳои дигар собит намуд, ки баъзе шаҳрвандон аз қонунҳои мавриди амалбуда ва моҳияти онҳо, амсоли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва моҳияти ризокорӣ умуман огоҳӣ надошта, танҳо ба сафсатаҳои як иддаи «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» гўш медиҳанд.
Шояд бисёриҳо надонанд, ки оид ба ин фаъолият се сол пеш мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мукаммалро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, соли гузашта ба он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардид. Муносибати қисмате аз волидон дар робита ба ҷалби фарзандон ба маршировка аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо аз моҳияти волонтёрӣ комилан бехабаранд. Мушоҳида менамоем, ки баъзеҳо бо фатвои нимчамуллое барои корҳои аслан нолозим неру ва маблағ харҷ менамоянду дар ин масъала иддаои беасосро, монанди ба илмомўзии фарзандон монеа будани маршировка пеш меоранд. Намедонанд, ки фаъолияти волонтёрӣ дар тафовут аз фаъолияти меҳнатӣ на бо мақсади гирифтани даромад ва ё таъмини ниёзмандиҳои табиии инсон, ба мисли ғизо, либос, манзил ва ғайра равона шудааст, балки амалӣ намудани хизмати ихтиёрӣ ва ройгонро ба манфиати ҷомеа тақозо менамояд. Бо ҳамин далел фаъолияти волонтёрӣ чун мактаби тарбияи инсони оянда арзёбӣ гардида, майдони оғози рушди касбии шаҳрвандон мебошад, ки он ба тавсеаи робитаи иҷтимоии онҳо нигаронида шуда, барои аз худ намудани таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги дорои хусусияти иҷтимоӣ замина мегузорад.
Аз ҷониби дигар, фаъолияти волонтёрӣ ин майдони оғози рушди касбии ҷавонон аст, ки робитаи ҷамъиятиашонро тавсеа медиҳад ва барои аз худ намудани таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои бузург замина мегузорад. Агар тавассути далелу арқоми мавҷуда ба таърихи пурғановати халқамон назар афканем, пас дар он низ ризокориро зиёд мувоҷеҳ мегардем. Дар гузашта миёни мардуми мо шаклҳои ҳаракати волонтёрӣ, ба мисли ҳашар вуҷуд дошт. Кумак расонидан ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ аз қадим ба нафъи мардум буд, ки тавассути ин фаъолиятҳо бо ҳашар хона месохтанд, пулҳо бунёд менамуданд, дасти ҳамдигар мегирифтанд ва дигар мушкилоти худро бартараф мекарданд. Аҳамияти ин амалҳо дар он буд, ки кореро, ки як нафар наметавонад дар танҳоӣ анҷом диҳад, мардум дастаҷамъона бо роҳи ҳашар дар муддати хеле кўтоҳ иҷро мекарданд.
Пас, биёед ризокориро ор надонем ва ба ин васила дар пешрафти кишвар қадри имкон саҳмгузор бошем.
P.S. Вақте пайи навиштани ин матлаб ҷаҳд доштам, иттилоъ расид, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади дастгириву ҳавасманд гардонидани волонтёрон дар рушд ва такомул додани фаъолияти худ ва ба ин васила, ҷалби бештари шахсони ҷавон барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ, баланд бардоштани мақоми ихтиёрӣ ва инчунин, мусоидат кардан ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёри сол — 2016»-ро эълон намудааст. Дар озмун ҷавонони аз 16 то 30-сола, ки аъзои гурўҳҳои волонтёрон, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар муассисаҳои самти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, метавонанд, иштирок намоянд. Барои ташкили самараноки озмун саволнома омода гардида, барои волонтёрон тавассути сохторҳои маҳаллӣ фиристода мешавад. Интихоби волонтёрони беҳтарин дар ду зина, 10 волонтёри беҳтарин (бо нишон додани номинатсияҳо) ва «Волонтёри сол- 2016» (1 нафар духтар ва 1 нафар писар) амалӣ мегардад.
Иқдомест муҳим ва арзандаи ситоиш.
Далер Мерганов, «Садои мардум»