Ҳафтаи сипаригардида дар котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муаррифии Майдони бисёрсоҳаи тиҷоратӣ — иқтисодӣ (МБТИ) дар ноҳияи нави Лянсзяни шаҳри Чунтсини Ҷумҳурии Халқии Хитой (ҶХХ) баргузор гардид, ки дар он намояндагони доимии давлатҳои аъзои СҲШ дар назди он, давлатҳои нозир ва шарик оид ба муколамаи СҲШ, ҳамчунин, сарони намояндагиҳои тиҷоратӣ ва мушовирон оид ба масоили иқтисодии сафоратхонаҳои давлатҳои аъзои СҲШ ширкат варзиданд.
Муншии умумии СҲШ Владимир Норов ифтитоҳи МБТИ-ро ҳамчун падидаи нек ва натиҷаи вохӯриҳои сарони минтақаҳои давлатҳои аъзои СҲШ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳукумати халқии шаҳри Чунтсин ва ноҳияи нави Лянсзян дар рушди муносибатҳои байниминтақавӣ, хусусан байни давлатҳои аъзои СҲШ саҳмгузор аст ва шаҳри Чунтсин минбаъд метавонад ҳалқае гардад, ки кишварҳои аъзои СҲШ-ро бо давлатҳои аъзои ASEAN (Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ — Шарқӣ) дар соҳаҳои савдои технологияҳои иттилоотӣ, электронӣ, нақлиёту логистика ва сайёҳӣ ба ҳам бипайвандад.
Қайд гардид, ки таъсиси МБТИ оғози хуби тақвият ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни давлатҳои аъзои СҲШ аст ва метавонад барои инвеститсия ва инноватсияҳои дуҷониба бо мақсади рушди технологияҳои муосир, тиҷорати электронӣ ва тавсеаи савдои давлатҳои «оила»-и СҲШ асос гардад.
Директори Кумитаи маъмурии ноҳияи нави Лянсзян — Дуан Ченган ва котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ С. В. Канавский низ таъсиси майдонро ҳамчун дастоварди нав дар самти таҳким бахшидани муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии давлатҳои СҲШ арзёбӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки шартнома оид ба ташкили МБТИ дар ноҳияи нави Лянсзян дар байни котибот, Шӯрои кории СҲШ ва ширкати «Чунсин Хэтсин Индастриал Групп» соли 2019 ба имзо расидааст.
Таҳияи Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»