Мактабҳо ба зимистон омода мешаванд

№ 31.07.2017

Имрӯзҳо рафти корҳои омодагӣ ба зимистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Спитамен бо мааром идома дорад. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Баҳодур Мамадализода дар ин робита гуфт, ки тибқи нақша барои 46 муассисаи таълимӣ 541 тонна ангишт, 216,5 мукааб метр ҳезум бояд захира карда шавад. Мувофиқи шартнома ҳамкорӣ  аз кони «Фон-Яғноб» шуруъ шудааст. Алҳол дар муассисаҳои таълимӣ 364 тонна ангишт 194 метри мукааб ҳезум захира гардидааст. Дар ин радиф шишабандии тирезаҳои муассисаҳоро, пурра анҷом дод. Барои харидории сӯзишвории дизелӣ маблағи зарурӣ мавҷуд аст. Дар муассисаҳои таълимӣ 22 генератори барқдиҳанда, 845 бухорӣ мавҷуд аст. 19 муассиса дорои барқи озод, 4 муассисаи томактабӣ ва як муассисаи таълимӣ дорои системаи ягонаи гармидиҳӣ, 80 адад гармкунаки барқӣ мебошад. Ҷиҳати захираи маҳсулоти хӯроквории кӯдакистонҳо низ чораҷӯйӣ кардаем. Дар назар аст, ки 13,6 тонна картошка, 9 тонна пиёз, 7,9 тонна сабзӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи ҳаррӯзаро дар муҳлати пешбинишуда омода намоем.

Бо эътимод гуфта метавонам, ки корҳои омодагиро ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола то оғози моҳи август пурра ба анҷом мерасонем.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»