Ҳамовозӣ ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Мактаби бузурги тарбия

№43 (4783) 07.04.2024

53576766444_66e7d7d8f2_oҲар гоҳе ки зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро варақгардон мекунам, гузаштаи начандон дури кишвар пеши рӯ меояд ва ба ӯ аҳсан мехонам. Таҳсин мегӯям, ки бо вуҷуди корҳои давлатӣ, мушкилоти иқтисодию садҳои дигар фурсат меёбанду ба тарбияи инсони комил машғул мешаванд. Бо суханҳои пур аз меҳр, андарзҳои оқилона тамоми мардумро ба роҳи рост, худшиносии миллӣ, созандагию ободкорӣ раҳнамоӣ мекунанд.

Насли калонсол хуб огоҳанд, ки даврони барқарории ҳукумати шуравӣ ватандӯстӣ маънии дигар дошт ва талоши идеологҳои он даврон «ба ҳамназдикшавии миллатҳо ва гул-гулшукуфии онҳо» буд. Дар натиҷа анъанаҳои миллии қавму миллатҳо коҳиш ёфт. Ҳунарҳои мардумӣ қариб, ки аз байн рафт. Ҳатто забони тоҷикӣ то ҷое мавқеашро аз даст дод. Кам роҳбаре пайдо мешуд, ки бо забони модарӣ ҳарф мезаду аз тоҷик будан ифтихор мекард. Ӯ танҳо дар он маврид мутахассиси боистеъдод ва арзанда ба шумор мерафт, ки забони русиро хуб донад, андешаашро бо ҳамон забон изҳор карда тавонад.

Истиқлолият ба рӯи мардуми ҷумҳурӣ дари нав боз кард. Агар ба ҷои Пешвои миллат шахси дигаре мебуд, бегумону шубҳа ормонҳои чандинасра ҷомаи амал намепӯшид. Ӯ Тоҷикистони пора-пораро ба ҳам оварду руфӯ кард. Аз манфиати давлатдорӣ гуфту аз ягонагӣ. Тоҷикистонро аз вартаи ҳалок наҷот доду миллатро аз нобудӣ. Имрӯз ҳар куҷое тоҷике ҳаст, бо ифтихор аз хокдони бобоӣ ёд мекунад. Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикони дунё гардид. Ҷаҳониён кишвари моро эътироф мекунанду сухани Пешвои маҳбуби миллатро қадр. Магар аз ин бахти бузургтаре ҳаст?

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодкори ҷомеаи навини тоҷикон аст. Ҷомеае, ки бегонагон бо ҳасад ба он менигаранд ва бидуни ихтиёр лаб ба таҳсин мекушоянд. Ӯ устоди устодони мактаби бузурги тарбия аст.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишварро гаштаю баргашта гӯш мекунаму бовариам ба ояндаи дурахшони кишварамон зиёдтар мешавад. Ҷаҳони имрӯза миёни обу оташ қарор дорад ва бешубҳа, он миллате оянда аз ин варта наҷот меёбад, ки ҳидоятгару раҳнамои оқил дорад. Имрӯзҳо душманони миллати мо ба ҳар васила талош доранд, ки ба миллати соҳибтамаддун зарбаи муд­ҳиш зананд. Ҳастанд ҷавонони ноогоҳ, ки аз содагӣ ба доми фиреби душманони миллат афтода, дар муқобили миллату давлати соҳибистиқлолу соҳибфарҳанг корҳои зиштро анҷом медиҳанд. Ҳамин нуктаи муҳимро ба назар гирифта Президенти мамлакат гуфтанд: «Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям».

Ба андешаи банда, агар онҳое, ки худро амонатдори Паёмбари ислом ва олими шариат медонанд, аз суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат ҳамагӣ сӣ фоизро донанду тибқи он амал намоянд, мафкураи сокинони кишварамон ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт. Дар китобе хонда будам, ки аъмоли неку рафтори нек беҳтарин хис­лати бандаи мусалмон аст. Корҳои хайри ӯ дар ин дунё дар охират ба хишти тиллоӣ мубаддал хоҳад шуд. Рӯза, намозу ҳаҷ инҳо фарз аст, ки адои он барои мусалмонон муҳим аст, вале кори нек, ки савобаш дучанд аст, ба ихтиёри бандагон гузошта шудааст. Яъне, агар мо ин дунёро обод кунем, дар охират низ ба макони ободу зебо ва мақоми арзандаи инсони ҳақиқӣ соҳиб хоҳем шуд.

Даврони наврасии мо дар деҳа Мулло Исо ном шахсе мезист. Тақрибан ҳафтодсола буд. Калонсолон мегуфтанд, ки даврони ҷавонӣ 15 сол дар шаҳри Бухоро илм омӯхтааст. Мулло Исо колхозчии номдор буду бо барзагов замин шудгор мекард. Дар ғалладаравӣ ҳамеша пешқадам буд. Намози аср ба масҷиди деҳа меомад. Хатиби масҷид буд. Субҳи барвақт баъди адои намоз сари замин мерафт. Дар корҳои ҷамъиятӣ пеш аз ҳама ҳозир буд. Мухлисону муридон мегуфтанд, ки «муллогиатро кун, ба ҷоят мо кор мекунем». Розӣ намешуд. Мегуфт, илми омӯхтаи ман барои охират аст, аммо барои таъмини рӯзгор бояд чун дигарон заҳмат кашам. Нонамро ҳалол кунам. Шӯхиомез байти машҳури Хоҷа Ҳофизро мехонд:

«Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале

Доми тазвир мафиган чун дагарон Қуръонро».

Баъдтар медидем ашхосеро, ки яктаҳи дароз дар бар бо кибру ғурур меомаданд ба чойхонаи деҳа. На ба ҳар кас салом медоданд. Боло гузашта менишастанд ва ба касе сухан намедоданд. Панду андарз мегуфтанд, вале ба гуфтаи хеш амал намекарданд. Барои хатми Қуръон беибо аз корафтодагон пул мегирифтанд. Ба ёд намеоварданд, ки онҳо мусибатзадаанду ба дастгирӣ ниёз доранд.

Мулло Исоро бо муллоҳои имрӯзаамон муқоиса мекунам. Бояд муллоҳо мисли Мулло Исои раҳматӣ мардумро ба корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят кунанд, то баракати ҳар ду оламро пайдо намоянд.

Ҳамин ҳидоятҳои созандаю рӯҳбахши Сарвари давлатамон сабаб шуд, ки садҳо тан аз соҳибкорони ватандӯсту боору номус паҳлуи ин абармард пайи ободӣ камари ҳиммат бастанд. Онҳо хуб дарк карданд, ки маҳз, пайравӣ ба фарзонамарди миллат метавонад, барояшон саодати ду дунёро насиб гардонад. Ин нукта бори дигар аз ҷониби Пешвои миллат чунин баён гардид: «Мехоҳам хотирнишон намоям, ки дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардумамон тайи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишварамон ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом доданд».

Ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гаравидани ҷавонони мо барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик на танҳо хатар эҷод мекунад, балки ба обрӯ ва эҳтироми миллат латма мезанад. Ҷавонони миллате, ки ҳафтод пушт пайрави мазҳаби Имоми Аъзам буданд, наметавонанд ба ин осонӣ ба мазҳабҳое пайравӣ кунанд, ки боиси бадномии кишварамон гардад. Дар ин ҷода бояд масъулияти падару модар бештар гардад. Ҷавонони ноогоҳ чун аз марзи Тоҷикистон берун мераванд, ба осонӣ ба доми исломситезон меафтанд. Бояд падару модар пайваста бо фарзандон дар иртибот бошанд ва панду насиҳаташон бигӯянд. Нагузоранд, ки фарзандон ҷони худро дар хатар монанду муқобили хешу ақрабо дандон тез кунанд. Ҳамчунин, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вазифадоранд, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бештар ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар ҳар қадам зарур аст бо сокинони кишвар суҳбатҳо доир кард. Чунонки Пешвои маҳбуби миллат дастур доданд: «Яъне, вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароию терроризм, сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем».

Ба андешаи мо, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузурги тарбия аст ва зарур мешуморем, ки он ҳар рӯз дар байни сокинони кишвар бо забони сода, бо мисолҳо фаҳмонда шавад. Дар баробари ин, ҳар фарди солимақл бояд хуб дарк намояд, ки маҳз, волоияти қонун метавонад ҷомеаро аз пешомадҳои ногувор наҷот диҳад. Имрӯз сокинони кишварамон ба тарбияи маънавӣ бештар ниёз доранд ва танҳо суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар ҳалли ин масъалаи муҳим ба мо мадад намояд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»