Таҳти ҳамин унвон бо иштироки доираи васеи намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонон дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро Бахтиёр Муродзода, муовини раиси ноҳия, ифтитоҳ намуда, Раҳимҷон Муқимӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт дар мавзӯи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» маърӯзаи пурмуҳтаво кард.
Аз ҷумла изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои сахту душвори соли 1992, ки дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷараён дошт, дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ зимоми давлатдориро ба душ гирифта, умеду орзуи мар-думро ба фардои нек, сулҳу ваҳдат ва созандагию бунёдкорӣ дар кишвар бедор карданд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои бузурге маҳсуб меша-вад, ки дар ташаккули давлатдории навини тоҷик, мустақилияти миллӣ ва баланд бардоштани обруи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ корҳои арзишмандеро ба сомон расонданд.
Аз ин рӯ, фаъолият ва зиндагиномаи Пешвои миллат ба сарна-вишти давлатдории навини тоҷикон ва эҳёи хотираҳои таърихӣ пай-ванди ногусастанӣ дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи раҳба-роне мебошанд, ки шахсияташон дар пеши назари мардуми кишвар, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худ-ро ба таври табиӣ дарёфтааст….
Сипас, Маҳмадёр Раҷабзода, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштдар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати дарҳои кушод», Нодир Олифтаев, муовини якуми ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» ва Макнуна Шарифова, муовини ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар мавзӯи «Пешвои миллат ва худшино-сии миллӣ» маърӯза карданд.
Дар фароварди ҳамоиш собиқадори меҳнат Азамҷон Ҳасанов аз хотираҳои худ пиромуни хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин та-ваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ба минтақаи Рашт нақл кард.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон