Мактаби нав — имкониятҳои нав

№ 27.11.2024

Мактаб СайидоМасъалаи сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор дорад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат бо  дастгирии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва азму талоши сокинону соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст садҳо мактаби замонавӣ сохта ба истифода супорида шудаанд.

Бояд иброз дошт, ки дар деҳаи дурдасти Наврӯзии ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор аз соли 1932 инҷониб муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 124 фаъолият менамояд. Мактаббачагони синфҳои болоӣ маҷбуранд таҳсили худро дар МТМУ № 31-и деҳаи Ҳофизкада, ки 4 километр дуртар аз макони зисти онҳо қарор дорад, давом диҳанд.

Дар фасли зимистон пиёда тай намудани ин масофа барои наврасон, махсусан, барои духтарон хеле душвор аст. Бо ҳамин сабаб то ин дам аксар хатмкунандагони синфи 9 аз ин деҳа барои идомаи таҳсил  ба шаҳр рафта, теъдоди зиёди духтарон бошанд, бо гирифтани шаҳодатномаи синфи 9 қаноат мекарданд.

Ин мушкилотро ба инобат гирифта аз аввали моҳи октябри соли ҷорӣ сохтмони муассисаи нави таълимӣ барои 500 нафар хонанда оғоз гардид. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ амалӣ мегардад.

 Онҳо давоми як моҳ сохтмони ошёнаи якумро ба итмом расонида, ният доранд 1 сентябри соли 2025 мактаби навро ба истифода диҳанд.

Сохта ба истифода додани мактаб имкон фароҳам меорад, ки барои таҳсил ба деҳи ҳамсоя нарафта, дар назди хонаи худ таълим бигиранд», — мегӯяд директори мактаб Ҳ. Асоева. Ӯ таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар асоси дархости ӯ барои дастрас намудани 120 000 дона хишт ва ҷиҳозонидани муассисаи нав бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти хониш мусоидат менамояд.

Дар баробари ин ҳоло мудири мактаб ба интихоби муаллимони  ояндаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ машғул шуда, аллакай якчанд мутахассисони фанҳои табиатшиносию риёзироо пайдо кардааст, ки омодаанд  ҷузъи коллективи педагогии мактаби нав шаванд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»