«Мактаби сайругашти Скандинавӣ» дар Турсунзода

№93 (4833) 26.07.2024

БАТОШ САИД (2)Дар деҳаи Батоши шаҳри Турсунзода лоиҳаи «Мактаби сайругашти скандинавӣ» роҳандозӣ гардид.

Сайругашти скандинавӣ аз лиҳози дастрас будан ва ба саломатӣ манфиати зиёд доштан дар аксар кишварҳои дунё ба машғулияти маъмулии фаъолияти ҷисмонӣ табдил ёфтааст. Ин навъи сайругашт, ки бо истифодаи чӯбҳои махсус иҷро мешавад, аввал дар Финландия таҳия гардида, баъдтар дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа иборат аз барқарор ва беҳтар намудани ҳолати ҷисмонии бошандагони хонаи куҳансолон ва маъюбони Батош аст, ки айни замон 187 нафарро ташкил медиҳанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ин тарзи роҳравӣ, новобаста аз синну сол ва ҳолати омодагии ҷисмонии инсон, ба беҳтар шудани системаи нафаскашӣ, такмили фаъолияти дилу рагҳо, мус­таҳкамии буғуму мушакҳо ва некуаҳволии умумии равонии ҳар шахс метавонад мусоидат намояд.

Ин лоиҳа аз ҷониби маҳфили дарозумрии ­фаъоли «Ҳамдилон-Оптима» амалӣ шуда, дар доираи чорабинӣ барои куҳансолон барномаи фароғатӣ ва тақдими туҳфаҳо пешбинӣ шуда буд. Ихтиёриёни маҳфил ба ҳар як нафар диққати махсус дода, кӯшиш намуданд, ки баҳрашон фазои тантанавиро ба вуҷуд оваранд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»