Мактаби шуҷоату ҷавонмардӣ

№25 (4921) 24.02.2025

54342985369_07ab261a68_oТаҷриба собит намудааст, ки давлату миллат бе қувваҳои мусаллаҳи пурқудрат вуҷуд дош­та наметавонад. Чунки қувваҳои мусаллаҳ, пеш аз ҳама, таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осудагии мардум ва осоиштагию шукуфоии давлатро таъмин менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон соҳиби Артиши миллии худ буда, заминаи моддию техникии он ба шарофати соҳиб­истиқлолии мамлакат ва Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам гардид.

Борҳо дар рӯзи даъватшаванда шоҳиди ҳол гаштаам, ки ҷавонони зиёд бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд. Ҳатто яке аз модарони хушбахту ватандӯстро аз шаҳри Кӯлоб дидам, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ фарзандашро, ки аз Федератсияи Россия баргашта буд, бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуд.

Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ новобаста аз вазъи душвору ҳассос барои таъсиси Артиши миллӣ марди ҷасуру тавонои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконоту шароит истифода бурда, барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, беҳдошти шароити хизмативу маишӣ ва хубтару беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои саривақтӣ андешиданд. Дар тӯли ин солҳо бо дастгирӣ ва иқдомҳои наҷиби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши ҷавони Тоҷикистон соҳиби шароити муосир гардида, дар роҳи пурзӯр ва мустаҳкам гардидани иқтидори мудофиавии мамлакат гомҳои устувор гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони содиқу шуҷои Ватан, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар бунёди Артиши миллӣ саҳм гузоштаву то ҳол ба давлату миллат софдилона хизмат намуда истодаанд, изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷоннисориҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёд­корӣ ва созандагиҳо барои пешбурди фаъолияти низомиён бинову иншооти ҳарбӣ, бо шароити муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо дастуру супоришҳои Роҳбари мамлакат дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ қисмҳои низомӣ бо тамоми шароити муосир сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин, дар замони Истиқлолияти давлатӣ биноҳои комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо сифати баланд бунёд гардиданд.

Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ мебошад. Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили зист таъмин буда, бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои афсарону оилаҳои онҳо идома доранд.

Баъд аз андешидани тадбирҳои пайваста Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун неруи обутобёфта, ҷангдида бо шуҷоату ватандӯстӣ яке аз рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикис­тон пурқувват гардид.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, ҳар як афсар ва сарбози шуҷои кишвар ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ мемонанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»