Ба "Садои мардум" ҷавоб омад

Мансуров ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

Номаи сокини ноҳияи Ёвон Х. Мансуров зери унвони «Оё сохтакорӣ ҷиноят нест?», ки 14 январи соли равон дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расид, мавриди омӯзиш қарор гирифт. Муайян гардид, ки аризаи Хайриддин Мансуров оид ба барқарор кардани  парвандаи судии гумшуда бо ҳалномаи судӣ аз 11 июли соли 2014 аз ҷониби Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ ва қонеъ гардонда шудааст.

Парвандаи гражданӣ таҳти №2 -1599/ 06 бо даъвои Х. Мансуров нисбат ба Гулов Амриддин Тағоевич ва Идораи давлатии нотариалии ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе оид ба беэътибор  донистани васиятнома ва кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ, ки бо ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 24 январи соли 2007 рад шудааст, дар қисми ҳалномаи баровардашуда барқарор гардидааст.

Аз ҷониби Х. Мансуров 23 октябри соли 2015 вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида ва аз нав баррасӣ  намудани ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокарда ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ариза пешниҳод гардидааст, ки бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 1 декаб­ри соли 2015 рад карда шудааст. Дар асоси шикояти ӯ ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе, бо қарорҳои коллегия аз 19 январи соли 2016 таъиноти маҷлиси судии Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 1 декабри соли 2015 бетағйир, шикояти хусусии Х. Мансуров беқаноат монда шудааст ва то ба имрӯз санадҳои судии қабулшуда эътибори қонунӣ доранд.

Хайриддин Мансуров оид ба қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматӣ метавонад ба мақомоти дахлдор бо ариза муроҷиат намояд.

М. РАҲМОНЗОДА,

судяи Суди шаҳри Душанбе