Манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида

№ 08.01.2024

Чоруми январи соли 2024 зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳои зарардидаи аз садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлобро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётӣ дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи бозори «Сомониён» — и шаҳр замин ҷудо гардида, дар ин ҷо хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд.

 Хонаҳои сохташуда аз се ҳуҷрагӣ ва иншооти ёрирасон иборат буда, майдони умумии манзили истиқоматӣ 0,04 гектарро ташкил медиҳад.

 Сарвазири мамлакат зимни суҳбат аз сокинони зарардида изҳор доштанд, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашаванд, чунки Давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша дар паҳлӯи онҳо мебошад.

 Сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб аз ин иқдоми созанда ва амалҳои башардӯстонаи Роҳбарияти олии кишвар изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории худро баён намуданд.

 Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»