«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ барои солҳои 2020-2025» марҳилаи нави амалӣ гардидани сиёсати минтақавӣ буда, ба фароҳам овардани шароити устувори рушди маҳал, тезонидани суръати болоравии иқтисодиёт ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон равона гардидааст.
Тавре раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода иброз намуд, тибқи барнома, дар панҷ сол 45 лоиҳа бо харҷи 1 млрд. 51 млн. 400 ҳазор сомонӣ дар маркази вилоят амалӣ мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 2020-2021 ва панҷ моҳи аввали соли равон аз ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ барои бунёд, барқарорсозӣ ва таҷдиди иншооти гуногун 206 ҳазору 944,4 сомонӣ равона гардид.
- Дар ин давра аз 45 лоиҳаи пешбинишуда нисфашон амалӣ гардиданд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, ки чанде пеш дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дода шуданд, марҳилаи нави рушди шаҳри Хоруғ шурӯъ мегардад, — афзуд номбурда.
Дар ояндаи наздик бо супориши Сарвари давлат таъмиру навсозии пулу роҳҳои асосии маркази вилоят, бунёди корхонаву паркҳои инноватсионӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор барои сокинони маҳаллӣ иваз намудани нақлиёти мусофиркаш ба нақлиёти муосир ва чароғонкунии маҳаллаҳо дар назар аст.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»