20 август дар қаламрави кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, изҳори шукргузорӣ аз иттиҳоду сарҷамъӣ бахшида ба 25 – солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи кишвар доир шуд.
Нахуст раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода иштирокчиёни марафонро бо медали тиллои гурзпартои машҳури тоҷик Дилшод Назаров, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро ба даст овард, шодбош намуда, зикр кард, ки ин туҳфаи арзанда ба истиқболи 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, зикр намуд, ки дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки варзишгарони тоҷик имрӯз имконияти иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ба дастовардҳои нав ба нав ноил шуданро пайдо кардаанд.
Марафони велосипедронӣ, аз ҷумла дар марказҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе доир шуд. Дар шаҳри Душанбе беш аз 200 нафар дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд. Дар фарҷом нафарони ғолиб аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»