Марказе, ки аз рӯи 31 ихтисос касб меомӯзонад

№17 (4600) 27.01.2023

davФилиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб тибқи иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, новобаста аз синну сол аз рӯи 31 ихтисос касб меомӯзонад.

Бино ба иттилои Умарҷон Исмоилов, директори муассисаи мазкур, он аз соли 2008-ум фаъолият намуда, дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддӣ хеле тақвият ёфт.

Соли гузашта, курсҳои кӯтфоҳмуддати маркази мавриди назарро 1404 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуногун хатм намуданд.

Тибқи иттилои номбурда, ҷавононе, ки марказро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд.

Бо мақсади ҷалби бештари ҷавондухтарон ба ҳунарҳои мардумӣ омӯзонидани чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва заргарӣ ҷараён дорад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»