Дар шаҳри Турсунзода бо ибтикори табиби шинохта Соҳибҷон Ҳасанов маркази ташхисию табобатӣ — ҶДММ «Сафо-2020» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар як вақт 35 нафарро ташхис ва табобат карда метавонад. Дар он таҷҳизоти ҳозиразамон барои ташхис ва табобати бемориҳои гуногун мавҷуд аст.
Соҳибҷон Ҳасанов ҳамчун мутахассиси варзида зери роҳбарии доктори илмҳои тиб, табиби шинохта Раҳимҷон Раҳматуллоев дар Маркази табобатии «Варорӯд» ифои вазифа менамояд, ки соли 2011 бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кард.
Ҳотам РАБИЕВ, рӯзноманигор