16 декабри соли 2016 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳр бо иштироки Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.
Раиси шаҳри Душанбе аз дастовардҳои варзишгарони пойтахт дар соли сипаришаванда махсус ёдовар шуда, дар расми тантанавӣ Назаров Дилшод Ҷамолиддинович — Қаҳрамони Бозиҳои 31 тобистонаи олимпии «Рио-де-Жанейро-2016» аз рӯи намуди гурзпартоиро бо манзили дуҳуҷрадор, (масоҳати умумиаш 104,37 м2), воқеъ дар кӯчаи Деҳлавӣ, 2, қадршиносӣ намуда, бо унвони «Шаҳрванди ифтихории шаҳри Душанбе» сарфароз гардонид.
Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки дар доираи татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатии ҷавонон бо ибтикороти пайвастаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр барои наврасону ҷавонон дар тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст ва таъкид сохт, ки мақсади фаъолияти Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама, баррасии масъалаҳои рӯзмарраи ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо баҳри рушди самтҳои гуногуни ҷомеа, мусоидат намудан дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуѓл фаро гирифтани онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, пешгирии гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва ҷалби ин неру ба тавсеаю тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат мебошад.
Доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, тибқи зарурат зиёд намудани синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннию компютерӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ, иштироки фаъолу дастрасии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои эълоншавандаи сатҳҳои гуногуни фаннӣ, алалхусус бо роҳи интерактивӣ, бедор кардани завқу раѓбати мактабиён ба азхуд намудани илмҳои техникию дастгирии ихтирооти онҳо таъкид намуд, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Зеро тарбияи мутахассисони баландихтисос аз зинаи томактабӣ ва мактаб оѓоз мегардад ва бо ин мақсад соли 2017 дар шаҳр аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Соли маориф ва инноватсия» эълон карда шуд.
Ҳамзамон, афзуд, ки ҳоло ҷавонони пойтахт дар ҳамаи самтҳо фаъолияти назаррас дошта, барои рушди бахшҳои гуногун дар ташкилоту идораҳои дахлдор ва соҳибкорӣ саҳми худро гузошта истодаанд. Дар шаҳри Душанбе барои дастгирии ҷавонон як қатор стипендияҳо таъсис дода шудаанд, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон равона гардидааст. Гузашта аз ин, ҳар сол дар асоси нақшаи чорабиниҳо тавассути Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ ба роҳ монда мешавад, ки ҳадаф аз онҳо дастгирӣ ва мусоидат ба солимии ҷомеа мебошад.
Бо дарназардошти таҳлилу бардоштҳо аз вазъи воқеии ҷавонони шаҳр ба ҳайси самтҳои авлавиятноку рӯзмарра масъалаҳои сафарбарсозии оммавии неруи ҷавонон алайҳи таъсиррасонии зуҳуроти номатлуби ифротгаройӣ ва ҳаракатҳои экстремистӣ, тақвият бахшидани донишҳои ҳуқуқии ҷавонон дар роҳи таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои дунявии сохти давлатдорӣ ва риояи ҳатмии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таъсиси технопаркҳои муосиру ҷойҳои кории бо технологияҳи замонавӣ муҷаҳҳаз ва истифодаи оммавӣ аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ матраҳ шуданд.
Дар ҷаласа Фурқат Пиров – сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе муовини Раис ва ҳамоҳангсози фаъолияти аъзои Шуро интихоб гардид.
Инчунин, барои пешрафти кор ва бартарафсозии бархе аз камбудиҳо дар фаъолияти ҷавонон ҷиҳати самтгирии минбаъда аз ҳисоби аъзои Шӯро гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Ш. Саидов