8 августи соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ бо иштироки раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидорӣ баргузор гардид.
Қабл аз ҳама, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати бомаром ва ба таври оммавӣ вусъатбахшии татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукўҳи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ва тавсеаи тадбирҳо дар доираи 130 рӯзи ободонӣ нигаронида, оид ба мақсаднок амалисозии сенарияи намоиши ҷашнӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ» таҳти унвони «Шукўҳи Истиқлол» вазифаву масъулияти ҳар як сохтору мақомоти марбутаро мушаххас намуда, ҷиҳати инъикоси мустақими чорабинии мазкур тавассути мониторҳо дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр супориш дод.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти мухталифи таъиноти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангидошта, ки дар асоси қарорҳои марбутаи раиси шаҳр имрўзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва хусусӣ дар доираи татбиқи Нақшаи генералӣ баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо вусъат идома доранд, бобати дар муҳлатҳои муқарраршуда ҳамчун армуғони ҷашнӣ ба истифода додан зери назорати сохторҳои зидахл қарор дода шавад. Ҷойи таъкид аст, ки ба ифтихори истиқболи сазовору пуршукўҳи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, бо ибтикори раиси шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо то охири сол ба маблағи беш аз 2,3 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода хоҳанд шуд, ки дар таҷрибаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бесобиқа мебошад.
Инчунин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ба фаъолони пойтахт кадрҳои 28 июли соли 2016 бо қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе ба вазифаҳои масъул таъиншуда, аз ҷумла Саймаҳмуд Муминов — директори КВД «Бозори Шоҳмансур», Зиёвуддин Наҷмиддинов — директори КВД «Бозори Деҳқон», Нурулло Алиев — сардори Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маҳмадалӣ Шарипов – директори Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе»-ро муаррифӣ намуд. Ба Хуршед Кабиров – мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе супориш дод, ки бо ташкили насби овезаҳои раҳнамоикунандаи мусофирон оид ба самти ҳаракат, масофаи хатсайр, маблағи ҳаққи роҳкиро ва телефонҳои боварӣ барои тамос дар воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ҷиҳати ба низом даровардани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, тарзи меъёрию дилхоҳ танзим намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт, ки дар маҷмуъ ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳоро таъмин месозад, тадбирҳои муассир андешад.
Ҳамзамон, ўро вазифадор намуд, ки дар муддати як моҳ дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Саъдулло Қаюмзода дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ масъалаи роҳандозии монетизатсияи хизматрасонии воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятиро баррасӣ намуда, ҷиҳати амалисозии минбаъдаи он пешниҳоди асосҳои ҳуқуқидоштаро манзур намоянд.
Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои ҷамъоварии андоз ва иҷрои нақшаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани масъулияти нозирони минтақавӣ оид ба аз байн бурдани савдои кўчагӣ, риояи регламенти шаҳр ва реҷаи корӣ дар субъектҳои савдову хизматрасонӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, беҳбуд бахшидани ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва зидди сўхторӣ, таъмин кардани Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр бо техникаи зарурӣ, дар таносуби чор ноҳияи шаҳр ташкил намудани базаҳои мустақили моддию техникии нақлиёти ёрии таъҷилӣ, ғановати бозори истеъмолӣ ва фаъолияти таъинотии бозорҳои коммуналӣ, баланд бардоштани ифтихори ватанпарастию шаҳрдўстӣ, донишу маърифати ҳуқуқии сокинон дар роҳи истодагарӣ алайҳи фарҳангу афкори номатлуби бегона ва риояи қоидаҳои шаҳрнишинӣ, истифодаи мақсадноку роҳ надодан ба амалҳои ғасби худсаронаи замин ва муҳимтар аз ҳама, андешидани тадбирҳои муассир оид ба баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ мавриди баррасӣ карор гирифтанд.
Ш. Саидов