Масъулияти мақомоти давлатӣ ва судӣ бештар мегардад

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

Қонунҳо вобаста ба пешравии ҷомеа ва талаботи пешомада метавонанд тағйиру такмил ёфта, барои рушди минбаъдаи ҷомеа шароит фароҳам оваранд.

Пешниҳод оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки матни он мукаммал, забонаш суфта, услубу баёнаш сода ва ба меъёрҳои қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ мувофиқ гардад. Ба ин хотир ба 40 банди Конститутсия 72 тағйиру илова пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, манъи фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти милливу динидошта бамаврид ва саривақтист. Пешниҳоди чунин илова изҳори мавқеи мамлакати мо дар доираи қонун оид ба зуҳуроти терроризму экстремизм аст.

Дар моддаи 49 чунин илова пешниҳод гардидааст: «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Ин илова масъулияти мақоми олии қонунгузорро афзуда, нисбат ба он эътимоду боварии мардумро зиёд мекунад.

Ба ҳамин мазмун, дар қисми сеюми моддаи 73 ба таври зайл илова пешниҳод шудааст: «Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд».

Ҳамчунин, мутобиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, синну соли узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон  ва судяҳои зинаҳои мақомоти судии мамлакат ба таври мушаххас муқаррар карда шудааст. Яъне, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия муҳиму саривақтӣ ва тақозои замон буда, аз кормандони масъули давлатӣ ва мақомоти судӣ дар иҷрои вазифаҳояшон ҷиддияту масъулият, поквиҷдонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллиро талаб мекунад. Раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳамаи мо маҳз чунин сифатҳои баланди ватандорию инсониро тақозо дорад.

 Алишо ҚУРБОНИЁН, муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе