17-20 августи соли равон бо ҷалби сохторҳои мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд дар ҳудуди вилоят маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ баргузор гардид. Тамоми чорабиниҳои низомии дар гарнизони Суғд пешбинишуда дар се марҳила ба таври назариявию амалӣ ва таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва афсарони масъули Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт.
Дар ин амалиёт Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Ситоди Гвардияи миллӣ ва дигар сохтору мақомоти низомӣ аз рӯи нақшаи мудофиаи ҳудудӣ мавзеъҳои муҳофизатиро таҳти назорат қарор доданд. Ҳамзамон дар минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ тариқи чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ десант фуруд оварда, камингоҳи мусаллаҳи мудофиавӣ ташкил шуд.
Ҷараёни амалиёти мазкур ва омӯзиши мавзӯъҳои дар ин чорабинӣ пешбинишуда дар Ситоди муттаҳида ва дар минтақаҳои муайяншудаи муҳофизатӣ таҳти назорати қатъии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо қарор дошт.
Бино ба гуфтаи масъули маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои амалиётӣ — тактикии зиддитеррористӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар вилояти Суғд сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии қисмҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиётӣ–тактикӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву ҷисмониро дар бар мегирифт.
Ҷараёни баргузории бомуваффақияти машқҳои амалиётӣ — тактикии муштараки зиддитеррористӣ бори дигар нишон дод, ки ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар ҳолати омодагии ҷангӣ қарор доранд.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»