Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар саҳни ҳавлии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод бо гурӯҳи васеи фаъолон машварати корӣ доир намуд.
Раиси ноҳия Икромзода Амирхон дар хусуси дастовардҳои меҳнаткашон дар давоми ҳафт моҳи соли равон муфассал маълумот дода, зикр намуд, ки нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 116 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 2781903 сомонии нақшаи пешбинигашта 3222537 сомонӣ ворид шуд, ки 440634 сомонии он илова ба нақша аст.
Раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода оид ба иҷро нагардидани нақшаи андоз, ҳолати ғайриқаноатбахши майдонҳои кишоварзӣ, аз фаъолият боз мондани баъзе корхонаҳои саноатӣ, қарзи неруи барқ, вазъи ноустувори роҳҳо изҳори нигаронӣ карда, дастур дод, ки камбудиҳои мавҷударо дар муҳлати кӯтоҳтарин ислоҳ кунанд.
Т. Файзалӣ, «Садои мардум»