Мастчоҳ. Омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ чӣ гуна аст?

№14 (4120) 30.01.2020

МастТибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон чорабиниҳои умумиҷумҳуриявии ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мегарданд. Аз ин рӯ, баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин санаи фархунда дар ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифтааст. Айни замон дар ин ҷо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёди як қатор иншоот — қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ, мактабу кӯдакис­тон, меҳмонхонаву биноҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра идома дорад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, дар назар аст, ки то рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирад. Ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бошад, соли ҷорӣ қариб 200 иншооти гуногун сохта мешавад.

Чанде пеш дар маркази деҳоти «Палдорак» боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баъди буридани лентаи рамзӣ ба соҳибкори инфиродӣ Саидмуқим Саидов, ки ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ин майдончаро бунёд кардааст, изҳори сипос намуда, наврасону ҷавононро даъват кард, ки  бо истифода аз шароити мавҷуда ба тарбияи ҷисмониву варзиш машғул шаванд. Зеро варзиш на танҳо гарави саломатӣ, балки тарбияи рӯҳу ақли инсон ва ҳидояткунанда ба амалҳои нек аст.

Дастури Пешвои миллат дар бобати дар ноҳияи наздисарҳадии Мастчоҳ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба таҳкими дӯстиву рафоқат ва муносибатҳои нек бо ҷумҳурии ҳамсоя — Ӯзбекистон низ равона гардидааст. Ба ин хотир ширкати меҳмонон аз ноҳияи Ойбеки Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо ноҳияи мазкур ҳамсарҳад мебошад, дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар назар аст. 

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»