Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, дар асоси дастуру супоришоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маркази ноҳияи Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон навсозӣ карда мешавад.
Чанде пеш муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба хотири шинос шудан бо ҷараёни корҳои навсозии боғи истироҳативу фароғатии ноҳия ва таъмиру таҷдиди кӯчаи марказии шаҳраки Бӯстон, ки 2,5 километр дарозӣ дорад, аз ноҳияи Мастчоҳ боздид намуд.
- Чунин иқдомҳои созанда маҳз туфайли сиёсати созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодаанд. Мастчоҳ чун ноҳияи наздисарҳадӣ яке аз дарвозаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад ва ободу зебо будани он дар тасаввури ҳар меҳмони хориҷӣ таассуроти нек боқӣ хоҳад гузошт, — гуфт зимни суҳбат бо сокинони шаҳраки Бӯстон Абдураҳмон Қодирӣ.
Раиси Ҷамоати шаҳраки Бӯстон Ҷумъабой Тошев ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки дар ин росто боғи истироҳативу фароғатии ноҳия, ки солҳо инҷониб дар ҳолати ногувор ва хароб қарор дошт, дубора ободу зебо карда хоҳад шуд. Бино ба гуфти мавсуф, дар ҷараёни ин сафар раиси вилоят бо лоиҳаи азнавсозии боғ шинос шуда, аз масъулин тақозо намуд, ки таъмиру таҷдиди онро бо сифати баланд ба роҳ монанд ва ба кабудизор ва чароғонкунии ҳудуди боғ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар ҳудуди боғи истироҳативу фароғатии ноҳияи Мастчоҳ инчунин бунёди чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона низ ба нақша гирифта шудааст. Боғи истироҳативу фароғатии ноҳия баъди таъмир ва тармим дорои атраксионҳои гуногун, майдончаҳои хурди варзишӣ, амфитеатр, ҳавзчаҳои шиноварӣ ва дигар васоити зарурӣ гардида, барои сокинону меҳмонони ноҳия ҳамчун макони фароғатӣ хизмат хоҳад кард.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»