Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими муносибатҳои ҳасанаи байни миллатҳо барҷаста аст. Бо дарназардошти ин чанде пеш дар маҷлисгоҳи Иттифоқи журналистони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ширкати журналистони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ҷомеа ва васоити ахбори омма» конфронс баргузор гардид.
Музокирачиён доир ба тавсеаи ҳамкорӣ, тақвияти дӯстӣ суҳбат намуданд. Масалан, сармуҳаррири рӯзномаи «Ӯш садоси» Соҳиба Шокирова дар робита ба қазияи минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод кард, журналистон бояд тавассути инъикоси дуруст ба ҳалли мушкили зикршуда саҳмгузор бошанд.
- Замони шӯравӣ рӯзномаҳо саҳифаҳои муштарак чоп мекарданд. Имрӯз вақти он фаро расидааст, ки ин корро дубора эҳё кунем, — гуфт ӯ.
Роҳбари медиа холдинги «Салом»-и Ҷумҳурии Қирғизистон Улуғбибӣ Амирова таклиф кард, ки барномаҳои якҷояи кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон тавассути радиову телевизион пахш шаванд.
- Барномаи «Телемост» вуҷуд дошт, эҳёи он на танҳо барои мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат, балки рушди журналистика дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард, — гуфт номбурда.
- Журналистика сарҳад надорад, ба шарте ки ҳадафаш пок бошаду ба бунёдкорӣ мусоидат кунад, — гуфт раиси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саъдулло Ҳаким.
Ба гуфти ӯ, роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя дар давоми се соли охир нисбат ба аҳли қалам таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Альманах Ош»-и Қирғизистон Салима Шарифова, сармуҳаррири рӯзномаи «Андижанская правда» Саидаҳмад Шукуров аз ҳамқаламон хоҳиш карданд, ки табодули матолибро ба роҳ монанд, то ки хонандагон аз ҳаёту рӯйдодҳои кишварҳои минтақа бохабар гарданд.
Пешниҳод шуд, ки шабакаи иҷтимоӣ байни қаламкашони се кишвар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъсис дода, дар он матолиб аз рӯзгори мардуми бо ҳам дӯсту ҳамсоя ҷой дода шавад.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум».
Хуҷанд-Фарғона-Хуҷанд