Агар эҷодиёти тамоми шоирону нависандагони дунёро таҳлил намоем, бешак, мавзуи модар мақоми аввалро соҳиб хоҳад шуд. Сабаб дар он аст, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва манбаи илҳоми ҳар яки мо мебошад.
Нависандаи маъруфи фаронсавӣ Оноре де Балзак дар васфи модар чунин гуфтааст: «Модар нафарест, ки зиндагӣ меофарад ва онро дар набарди ҷовидонаи ҳаёту марг зинда нигоҳ медорад. Касе дар раванди зиндагӣ наметавонад муҳаббате амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хешро дарёбад».
Пуртаъсиртарин сурудҳо низ дар васфи модар аст. Аз ҷумла таронаҳои «Хушрӯз, модарам»-и Тоҷиддин Муҳиддин, «Боз омадам»-и Зафар Нозим, «Модари ман боз ба ман деҳ» ва «Бинозам қалби покат, модари ман»-и Аҳмад Зоҳир дили ҳар шунавандаро ба риққат меоранд.
Меҳре, ки модар ба фарзанд медиҳад, ягон нафари дигар ҷои онро гирифта наметавонад. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл мекунанд, ки охирин нидое, ки сарбозони захмӣ пеш аз марг ба забон меоварданд, «Модарҷон!» буд. Нависандаи шинохтаи рус Николай Некрасов ин нуктаро чунин баён кардааст: «Мо хоҳар, зан ва падари худро дӯст медорем, аммо дар вақти азобу ранҷҳо модари худро ба ёд меорем».
Муовия ибни Ҷоҳима нақл мекунад, ки падарам — Ҷоҳима ба назди ҳазрати Муҳаммад (с) рафта изҳор дошт:
- Мехоҳам дар ғазо ширкат намоям.
Паёмбари гиромӣ аз ӯ пурсиданд:
- Оё модар дорӣ?
Ҷоҳима арз намуд:
- Оре!
Он гоҳ расули Худо фармуданд:
- Пас дар назди модар ва дар хизмати ӯ бош, зеро биҳишти ту дар зери қадамҳои модар аст.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳадиси мазкурро чунин ба риштаи назм кашидааст:
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Хок шав зери пойи ӯ, ки биҳишт
Дар қадамҳои модарон бошад.
Дар замони ҷоҳилият (давраи пеш аз ислом) барои мардуми араб таваллуди духтар нанг ҳисоб меёфт. Аз ин рӯ, духтари худро мисли моли нолозим ба биёбон бурда, зинда ба гӯр мекарданд. Мутаассифона, имрӯз низ чунин одати нангин, яъне духтарбезорӣ бо шаклҳои дигар дар бисёр кишварҳо роиҷ аст. Масалан, дар Чин ва Ҳиндустон баъзе падарон вақте мефаҳманд, ки ҷанини батни модари ҳомила духтар аст, онро исқот (аборт) мекунанд. Бархе тиҳимағзон вақте ҳамсарашон духтар ба дунё овард, ношукрӣ карда, аз ӯ ҷудо мешаванд, ҳол он ки ҳазорон нафар дар орзуи фарзанданд.
Зан ҳамчун модар, ҳамсар, хоҳар ва духтар, аз азал дар ободу рангин кардани ҷомеаи башарӣ нақши муҳиму арзанда дорад.
Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид кардаанд: «Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонем, ки заҳмату бедорхобии ҳатто якшабаи модари худро ҷуброн кунем. Вале ба ҳар ҳол, мо — фарзандон бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем. Зеро модар мавҷуди муқаддастарин ва азизтарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад».
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»