Сеюми майи соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенси»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот конфронс ва ҷаласаи умумии ҳисоботӣ-интихоботии солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Шӯрои ВАО Бахтиёр Ҳамдамов зимни ифтитоҳи он зикр кард, ки як соли охир на танҳо барои Шӯрои ВАО, балки барои онҳое, ки бо журналистика сарукор доштанд, душвор буд. Бо вуҷуди ин, рӯзноманигорон фаъолияти хуб ва ҳамраъйии касбӣ нишон дода, барои расонидани иттилооти дурусту саривақтӣ хизмати шоиста намуданд.
- Мушкилиҳои як соли охир нишон дод, ки рӯзноманигорони мамлакат пешорӯи хавфҳое, ки ба ҷомеа таҳдид доранд, муттаҳид мебошанд, — гуфт Б. Ҳамдамов.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ дар таҳкими ҷомеаи иттилоотӣ кӯшиши пайгирона анҷом медиҳад.
- Ҳоло воситаҳои ахбори омма яке аз рукнҳои асосии системаи дар амал татбиқ намудани сиёсати иттилоотии давлат маҳсуб шуда, ки ин имкон медиҳад раванди таъсиррасонии иттилоотиро дар самтҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва давлат ба танзим дарорад. Афкори ҷомеа солҳои охир хеле фаъол гардида, дар баъзе аз ҳолатҳо нақши батанзимдарорандаи раванди сиёсии ҷомеаро ба зимма мегирад. ВАО на танҳо ҳолати ҷомеа ва афкори умумро инъикос мекунад, балки дар ташаккули он низ саҳм мегузорад, — гуфт Хайриддин Усмонзода.
Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, муносибатҳои мутақобилан судманди давлат ва ВАО аз тариқи марказҳои матбуотӣ, ки дар ниҳодҳои давлатӣ таъсис дода шудаанд, амалӣ мегардад. Онҳо пайваста такмил меёбанд ва иртиботи гуногунҷанбаи судмандро ба роҳ мемонанд. Дар ин ҳол ягона иқдоми дар сатҳи хуби ҳамкорӣ ба роҳ мондани муносибати давлат ва воситаҳои ахбори омма, бидуни шубҳа, гуфтугӯи созанда аст. Масалан, соли 2021 воридсозии тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва ғайра баёнгари муносибатҳои мутақобилан судманди давлат ва воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад.
Дар замони муосир ҳамкории ҳокимияти давлатӣ ва ВАО дар заминаҳое сурат мегирад, ки ҳукумат наметавонад бидуни инъикоси доимӣ ва мунтазами фаъолият, сиёсати таъсиргузор дошта бошад.
Вакили Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки феълан ҳамкории ниҳоди ҳукуматӣ ва ВАО дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва ғайра танзим мегардад.
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо дарназардошти пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ВАО яке аз бахшҳои фаъоли он маҳсуб мешавад, дар самти такмили қонунгузорӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти расонаҳо ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ корҳои назаррасро анҷом диҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ВАО таъкид намуданд, ки «…воситаҳои ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон бошад…». Итминон дорам, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, парлумон ва воситаҳои ахбори омма дар ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ барои расидан ба ин ҳадафҳои олӣ муваффақ хоҳем шуд, — афзуд Хайриддин Усмонзода.
Раиси Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳанӯз дар баъзе аз ниҳодҳо мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот ҷой дорад.
- Мо соли 2020 ба як қатор мақомоти давлатӣ 84 дархост барои гирифтани иттилоот ирсол намуда, танҳо ба 65-тои он ҷавоб гирифтем. — Тибқи қонун мақомот бояд дар давоми се рӯзи корӣ ба дархости журналистӣ посух диҳанд, — гуфт Нуриддин Қаршибоев.
Рӯзноманигорон Қироншоҳ Шарифзода, Неъматулло Мирсаидов, Иршод Сулаймонӣ, Ҳуринисо Ализода ва дигарон дар бораи вазъи ҳозираи ВАО, мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот ва ҳолати риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар расонаҳо фикру мулоҳиза баён намуданд.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аз соли 2017 то ҳол дар кишвар ягон ВАО-и мустақил ба қайд гирифта нашудааст.
Президенти Пресс-клуби Еревании Ҷумҳурии Арманистон Борис Навасардян ва раиси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Литва Дайнюс Радзявичюс ба таври онлайн дар мавзӯъҳои «Таҷрибаи баррасии шикоятҳо нисбат ба рӯзноманигорон» ва «Зарурати тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Дар хотима, ба рӯзноманигори варзида Раҷаби Мирзо Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО супурда шуд. Ҳамчунин, барои ҳифзу тарғиби фарҳанги тоҷикон дар хориҷи кишвар рӯзноманигорон Фаридун Юлдошев (Ӯзбекистон) ва Қодиршо Мурувватов (Қирғизистон) сазовори ҷоизаи махсуси Шӯрои ВАО гардиданд.
Сарвари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршеди Атовулло ҷоизаи «Сухангӯи беҳтарин»- ро ба сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт супурд. Абдулло Ғурбатӣ сазовори ҷоизаи «Ҷасорат ва рисолати касбӣ»-и Медиа — Алянси Тоҷикистон гардид. Ҷоизаи ба номи Ҷумъабой Толибов бошад, насиби рӯзноманигорон Мазҳаб Ҷумъаев ва Ёқуб Ҳалимов шуд.
Инчунин, ба ҷои аъзои ваколаташон бапоёнрасида аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аъзои нави раёсати Шӯрои ВАО интихоб шуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»