Меҳнат шараф аст

№79 (3380) 10.06.2015

Сухане чанд андар мақому манзалати як боргоҳи ҳунар

Ноҳияи Зафаробод дар фарҷоми соли равон 50-сола мешавад. Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ»-и шаҳраки Меҳнатобод аз ҳамон муассисаҳои таълимиест, ки қабл аз Зафаробод ном гирифтани ин мавзеъ ташкил гардида, дар тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, махсусан механизаторону сохтмончиён, барқчиёну кафшергарон дар ин ноҳия саҳми арзанда гузоштааст.

Чанде қабл, ба муносибати 50-солагии таъсисёбии ин боргоҳи ҳунар ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Дар ҷамъомад масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, собиқадорони меҳнат, кормандони литсей, нахустин дастпарварони он ва меҳмонон иштирок доштанд.

Муовини раиси ноҳияи Зафаробод Заррина Абдуллозода дар суханронии табрикии хеш зикр кард, ки Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ»-и ноҳияи Зафаробод бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 18 марти соли 1965 таҳти рақами 161 бо номи «Омӯзишгоҳи касбӣ — техникии деҳоти №41-и ноҳияи Ӯротеппа» (ҳоло шаҳри Истаравшан) ташкил карда шудааст.

Бинобар он ки омӯзишгоҳ бо шароитҳои мусоиди таълимӣ-тарбиявӣ, аз ҷумла бо хобгоҳу ошхона таъмин буд, ба он аз ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҷавонони зиёде омада,ба омӯзиши касбу ҳунар машғул буданд. Нақшаи қабул ҳар сол барзиёд иҷро мешуд. Барои хатмкунандагон ҷойҳои корӣ муҳайё буд. Он солҳо дар Мирзочӯли тоҷик шаш совхози пахтакорӣ ташкил шуда буд. Барои хоҷагиҳо кадрҳои механизаторӣ чун обу ҳаво зарур буданд ва ин талаботро таълимгоҳ таъмин менамуд.

Дар ин давра омӯзишгоҳ чанд маротиба табдили ном кард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти рақами 630 «Дар бораи иваз намудани номи омӯзишгоҳҳои касбии техникӣ ба литсейҳои касбии техникӣ, техникум ва омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо» Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №76 ноҳияи Зафаробод ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ»-и ноҳияи Зафаробод табдил дода шуд.

- Ҳоло дар ин ҷо ҳафт номгӯйи касбу ҳунар омӯзонида мешавад ва дар таърихи мавҷудияти худ зиёда аз 16 ҳазор нафар кадрҳои баландихтисосро тайёр намудааст,- гуфт Заррина Абдуллозода.

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои IX ва X) Акбар Ҳоҷимуродов дар суханронии хеш аз он ифтихор кард, ки ӯ аз нахустин дастпарварони ҳамин ҳунаристон буда, аз колхозчии оддӣ то ба директори совхоз расида, ба обрӯю манзалати баланд соҳиб шудааст.

Дар ҷаъомад ҳамчунин дастпарварони дигари ин таълимгоҳ — раиси хоҷагии кишоварзии «Зафар» Сунатулло Қурбонов, собиқ муовини раиси ноҳия Нормуҳаммад Наврӯзов, раиси хоҷагии деҳқонии «Даҳкат» Ҳикмат Холов ва дигарон суханронӣ карда, хотироти хешро аз рӯзгори донишҷӯиашон нақл карданд.

- Аксари хатмкунандагони имрӯзаи литсей механизаторон, ронандагон, дӯзандаҳо, кафшергарон ва мутахассисони компютер орзу доранд, ки мисли дастпарварони таълимгоҳашон Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Акбар Ҳоҷимуродов, Механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон, дорандаи мукофотҳои давлатии ИҶШС Зиёваддин Ҳакимов ва дигарҳо саодати хешро аз меҳнат дарёбанд.

Алҳол дар литсей 13 дарсхонаҳои таълимӣ, назариявию истеҳсолӣ бо воситаҳои аёнии техникию дидактикӣ мавриди истифода аст, ки ба меъёрҳои замонавӣ пурра мувофиқат мекунад, — мегӯяд сарвари таълимгоҳ Парвиз Рӯзиев.

Дар литсей 166 нафар ҷавонон, аз ҷумла 56 нафар духтарон таҳсил менамоянд.

Дар ин ҷо баҳри мустаҳкамтар намудани пойгоҳи техникӣ-таълимӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Аз ҷумла барои ихтисоси «Системаи компютерӣ ва технологияи интернетӣ» шаш адад компютерҳои барориши нав, барои омӯзонидани касбҳои «Тракторчӣ — мошинист» ва «Ронандаи автомобил» чор мошинҳои боркашу сабукрави таълимӣ, барои ихтисоси «Дӯзанда» мошинаҳои дарздӯзӣ, барои ихтисоси «Кафшергари барқию газӣ» таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва дар хизмати касбомӯзон қарор доранд.

Дар литсей корҳои таълиму тарбия низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Аз 30 нафар омӯзгорону устоҳои таълимдиҳанда ҳашт нафарашон соҳиби маълумоти олӣ, 16 нафарашон маълумоти миёнаи махсус ва шаш нафарашон маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд.

-Вазифаи муқаддаси мо- омӯзгорон баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аст. Кӯшиш мекунем, ки аз иҷрои ин рисолати хеш сарбаландона бароем, — мегӯяд сарвари таълимгоҳи фавқуззикр Парвиз Рӯзиев.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»