Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№140 (4402) 16.11.2021

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки он моҳи ноябри соли 2012 таъсис ёфтааст.

Бунёди фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатии дар воситаҳои ахбори омма интишорёфта, гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, феҳристнигории мақолаву асарҳо, суҳбату вохӯриҳо ва Паёму суханрониҳои Президенти кишвар, таҳия ва нашри «Китобномаи шарҳиҳолии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври чопӣ ва электронӣ, тарғиби сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои асосии медиатека маҳсуб меёбад.

- Дар медиатека матолиби чопию электронӣ доир ба сиёсати дохилию хориҷии Президенти кишвар ба доираи васеи хонандагон, ба забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, новобаста ба маҳалли нашрашон, сари вақт пешкаш мешавад. Хонандагон аз ин бахши Китобхонаи миллӣ дар бораи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти фаровон мегиранд, – гуфт муовини директори китобхона Гадобек Маҳмудов.

Бино ба иттилои номбурда, айни ҳол дар хазинаи Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 790 китоб мавҷуд аст. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми онҳо ва нашрияю матолиби дигар роҷеъ ба Президенти кишвар, ба намоишгоҳи махсуси оросташуда, гузошта шуданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»