Раёсати тандурустии вилояти Суғд вобаста ба мақолаи Б. Каримзода дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 8 июли соли 2017, №81 (3718) таҳти унвони «Мехоҳам кор кунам, вале…» чунин маълумот пешниҳод менамояд.
Шаҳрванд Савриддинов Абдуламит, соли таваллудаш 1993, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанаш, (соли 2013) дар натиҷаи садама, яъне ба қиммакунандаи барқӣ фаромадани дастон, осеби вазнини ҳар ду дастпанҷаро бардоштааст.
А. Савриддинов аз ҷониби сармутахассиси ғайривоҳидии соҳаи осебшиносӣ ва раддодии Раёсати тандурустии вилоят муоина гардидааст ва ба ӯ ташхиси «Оқибати осеби вазнини дастпанҷа. Буғуми ғайриҳақиқии устухонҳои миёнпанҷаи дастпанҷаи рост. Узви мақтӯи баъдиосебии сатҳи миёнпанҷаи дастпанҷаи рост» гузошта шудааст. Барои интихоби усули муолиҷа бо роҳхат ба назди сармутахассиси соҳаи осебшиносӣ ва раддодии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор А. Раззоқов фиристода шуда буд. Роҳкиро аз маблағҳои ба соҳаи тандурустии вилоят пешбинишуда пардохт гардидааст.
Дар суҳбати телефонӣ А. Савриддинов иброз намуд, ки айни ҳол дар Беморхонаи шаҳрии №5 –и шаҳри Душанбе таҳти назорат ва тибқи тавсияи табибони ҷумҳуриявӣ муолиҷаи физиотерапевтиро қабул карда истодааст.
Масъалаи гузоштани протез баъди итмоми муолиҷаи физиотерапевтӣ ва гирифтани хулосаи мутахассисони ҷумҳурӣ ҳал карда мешавад.
Саломатии А. Савриддинов таҳти назорати кормандони тиб қарор дорад ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба ӯ кумак расонида хоҳад шуд.
Ф. МАҚСУДЗОДА,
сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд