Ба мо муроҷиат мекунанд

Мехоҳем, ки ҳақ ба ҳақдор расад, аммо…

№44 (4464) 09.04.2022

Аз оғози соли 2022 беш аз се моҳ сипарӣ гардид. Дар ҳама идораю муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баъди ҷамъбас­ти натиҷаи соли сипаришуда, тибқи нақшаҳои тарҳрезишуда, фаъолиятро идома медиҳанд. Идораи рӯзномаи «Садои мардум» низ дар ин давра, тибқи оиннома ва талаботи қонунгузориҳои ҷумҳурӣ, фаъолиятро ба роҳ монд.

 Соли 2021, дар маҷмӯъ, илова ба матолиби расмӣ, хабару гузориш ва мақолаҳои кормандони идора ва мухбирони дар маҳалбуда, ҳамчунин, 427 ва дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 92 мактубу мақолаи шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти кормандони нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон кор бо муроҷиати шаҳрвандон аст. Дар баробари навиштани хабару мақолаҳо, баъзе аз шаҳрвандон бо арзу шикоят ба идораи мо муроҷиат мекунанд. Муроҷиатҳои шаҳрвандон (аз тариқи нома, шифоҳӣ ва ба воситаи телефон) 34 ададро ташкил дод, ки қариб ҳамаи онҳо баррасӣ ва хоҳиши муроҷиаткунандагон ба ҷо оварда шуд.

Баъзе аз шаҳрвандон бевосита ба идора меоянд, шифоҳӣ аз мушкилоташон сухан мегӯянд ва ё бастаи мактубу ҳуҷҷатҳои зиёдро вобаста ба масъалаи бамиёномада пешкаш мекунанд. Бино ба гуфтаи онҳо, барои ҳалли мушкилашон ба идораҳои гуногун рафтаанд, вале ташвишҳояшон сабук нашудааст. Бинобар ин, бо умед ба рӯзнома муроҷиат мекунанд. Табиист, ки на ҳамаи дархосту гуфтаҳои онҳо барои нашр мувофиқ аст. Вале ба қадри имкон ба онҳо кумак мерасонем. Андешаҳои бисёре аз муроҷиаткунандагон зери рубрикаи «Ба мо муроҷиат мекунанд» ба нашр мерасад.

Арзу шикояти бархе аз шаҳрвандон таҳлилу таҳқиқоти журналис­тиро талаб мекунад. Бо вуҷуди он ки ин кор вақти зиёдро мегирад, журналистони рӯзнома саъй менамоянд, ки аз пайи таҳқиқи мактубҳои воридшуда сафарбар шаванд. Чунончи, нисбати қазияи сокини деҳаи Баракати деҳоти «Навобод»-и шаҳри Ҳисор Абдунаим Носиров хабарнигори рӯзнома Муҳаммад Зокир таҳқиқот гузаронд. Маълум гардид, ки ба мактубҳои сершумори шаҳрванд дар бисёр идораҳои марбута ҷавоб надодаанд ва ё ҷавобҳо қонеъкунанда набудаанд. Хабарнигор масъаларо пайгирӣ карда, ба бойгонии марказии ҷумҳуриявӣ низ муроҷиат мекунад ва нусхаи «Акт дар бораи вафот»-и падари Абдунаим Носиров — Носир Собировро пайдо менамояд. Ҳуҷҷатро, ки таҳти №1 аз 22 октябри соли 1956 дар бойгонӣ маҳфуз аст, Шуъбаи актҳои ҳолати граждании Вазорати бехатарии давлатии ИҷШС 15 феврали соли 1957 тасдиқ кардааст. Бо вуҷуди ин масъалаи зикршуда роҳи ҳал пайдо накардааст.

15 октябри соли 2021 ба шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарламентӣ ва робита бо ҷомеа вобаста ба баҳси оилавии бародарону хоҳарон барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ мактуби шикоятии сокини деҳаи Афғонободи шаҳри Ҳисор Гулмоҳ Холова ворид гардид. Он мактубро низ рӯзноманигор Муҳаммад Зокир мавриди санҷиш қарор дод ва маълум гардид, ки масъаларо танҳо бо роҳи судӣ ҳал кардан лозим аст. Ҳамин гуна аризаҳои шикоятӣ аз номи дигар шаҳрвандон низ ба идораи рӯзнома ворид шуд, аммо аз нашри онҳо худдорӣ кардем, зеро дар тафтишоти мақомоти судӣ қарор доштанд.

Соли сипаришуда баъзе аз арзу шикоятҳои шаҳрвандон аз ҷониби хабарнигорони минтақавии рӯзнома низ пайгирӣ ва муроҷиаткунандагон қонеъ гардонида шуданд. Яъне, мо мехоҳем, ки ба қадри имкон ба мушкилоти мардум расидагӣ кунем, хоҳишашонро ба ҷо орем, то онҳо аз наздамон ноумед нараванд ва ҳақ ба ҳақдор расад. Дар ин раванд маълум мегардад, ки на дар ҳама идораю ташкилот ва мақомоти маҳаллӣ ба муроҷиати мардум эътибори лозима медиҳанд. Агар ба арзу доди шаҳрвандон масъулон сари вақт таваҷҷуҳ кунанду мардумро шунаванд ва дар доираи салоҳияташон кумак расонанд, боварӣ дорем бисёр мушкилот ҳал мегардад. Илова бар ин, бисёр масъулон ба мақолаҳои танқидию проблемавии рӯзномаҳо вокуниш намекунанд. Шояд бехабаранд, рӯзнома намехонанд?!

Танҳо ба чанд мактуби «таъкидӣ» — и идора аз ниҳодҳои гуногун вокуниш (аниқтараш, ҷавобҳо) расиданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» (аз 7 феврали соли 2009 таҳти №622) шахси масъул бояд сари вақт ба чунин матолиб вокуниш намояд.

Албатта, ҳастанд ниҳодҳое, ки чунин талаботро иҷро мекунанд. Чунончи, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба матолиби марбути мақомот сари вақт ҷавоб ирсол мекунад.

Дар миёни муроҷиаткунандагон шахсоне ҳам зиёданд, ки тавассути рӯзнома барои фаъолияти хуби масъулони муассисаю ташкилотҳо, бахусус духтурон, изҳори сипос намуданд. Дар ин робита, соли 2021 муроҷиати шаҳрвандон Г. Комилова аз ноҳияи Восеъ, М. Азимова аз шаҳри Душанбе, А. Шоализода аз ноҳияи Ишкошим, С. Ниёзова аз шаҳри Ҳисор, С. Қосимова аз шаҳри Душанбе, З. Раҷабова аз ноҳияи Варзоб, Ҷ. Толибова аз ноҳияи Рӯдакӣ, Н. Носиров — Аълочии илм ва маориф ва Раҷаб Давлатзода — нафақахӯр зери рубрикаи «Ба мо муроҷиат мекунанд» нашр гардиданд.

Б. КАРИМЗОДА,

муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарламентӣ ва робита бо ҷомеа