Ба мо муроҷиат мекунанд

Миннатдорӣ аз кори табибони ҳозиқ

№10 (4593) 06.01.2023

klinika-7-dushanb-0Солҳои зиёдест саломатиамро аз даст дода, барои табобат ба бисёр беморхонаҳо рафтам. Вале, му­таассифона, ҳолатам беҳтар нашуд.

Аз дарди сутунмуҳра ва асабоният азоб мекашам. Беш аз 30 сол ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор кардам.  Медонам, ки дар байни духтурон  соҳиби дараҷаи баланду масъулиятшинос зиёд аст.

Ниҳоят ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон муроҷиат намудам ва аз он ҷо маро ба Беморхонаи шаҳрии ба номи К. Ахмедов равон карданд. Аз лаҳзаҳои аввали вориди беморхона шудан муомилаи хуби кормандони он хушам омад. Маро, пеш аз ҳама, табиби ҳозиқ Иброҳим Иброҳимов муоина кард ва тибқи дору ва тавсияҳои он кас, ба табобатам шурӯъ карданд. Баъди як давраи табобат ва қабули давоҳо ҳолатам беҳтар шуд ва худро хеле бардам ҳис кардам.

Воқеан, дар Тоҷикистони азизамон мутахассисони хуб бисёр аст. Бинобар ин, мехостам тавассути рӯзномаи «Садои мардум» ба сардухтури беморхона Абдураҳмон Сафаров, табибони ҳозиқ И. Иброҳимов,  С. Лолаев, Т. Иззатов  миннатдорӣ баён кунам.

Ибодат Ятимова,

сокини шаҳри Душанбе, н. Сино,

кӯчаи Асадулло Ғуломов, бинои 56, ҳуҷраи 3