Минтақае бо захираи бузурги сайёҳӣ

№129 (4391) 14.10.2021

IMG_20211003_173549Аз якум то чоруми октябри соли равон бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои водии Рашт сафар ба минтақаҳои сайёҳӣ ташкил шуд, ки дар он намояндагони бархе аз вазорату идора ва воситаҳои ахбори омма шомил буданд.

Зимни он хатсайри нави сайёҳии Душанбе — Сангвор — Нуробод — Рашт — Тоҷикобод — Лахш ва имконоти сайёҳии водии Рашт муаррифӣ гардид. Пас аз тамошои манзараҳои зебо ва шиносоӣ бо имконот ва захираҳои сайёҳии минтақа 4 октябр дар маркази ноҳияи Рашт-шаҳраки Ғарм дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ-омили рушди иқтисодиёти миллӣ» конференсия баргузор шуд. Муовини раиси ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродзода доир ба мавзеъҳои сайёҳӣ маълумот дода, изҳор ­дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия харитаи 8 хатсайри сайёҳиро таҳия намуда, ҳамчунин, сомонаи интернетии сайёҳиро фаъол кардааст, ки барои дӯстдорони сайру саёҳат роҳнамои хуб мебошад.

-Тайи солҳои охир миёни сайёҳон дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, куҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад, маҳбубияти хос пайдо намуда, ташрифи сайёҳон ба ин мавзеъ меафзояд, — зикр кард ӯ.

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар бораи татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, имконоти сайёҳӣ дар водии Рашт, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳа, имкони ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки барои ҷалби бештари сайёҳон бояд дар деҳот имконоти зарурӣ фароҳам гардад.

- Водии Рашт яке аз минтақаҳои зебои кишвар буда, бо рӯду кӯлҳо, олами нодири набототу ҳайвонот, кӯҳҳои осмонбӯс ва мардуми меҳмоннавозаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад, — гуфт ӯ.

Муовини раиси ноҳияи Лахш Насиба Ғафурзода доир ба мавзеъҳои сайёҳии ноҳия ва корҳои анҷомдода дар самти беҳтар кардани инфрасохтори маҳал ба хотири ҷалби бештари сайёҳон маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, дар минтақа ноҳияи Лахш бо чашмаҳои шифобахш, шаршараҳои зебо, боду ҳавои тоза ва дараҳои назаррабо машҳур гаштааст.

вахш- Азбаски 95 фоизи ноҳияро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар он аз соли 2010 экспедитсияҳои байналмилалии куҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ гузаронида мешаванд. Аз маркази ноҳия ба сӯйи қулла роҳи махсус аст, ки куҳнавардонро ба майдончаи «Москвина» роҳнамун месозад. Табиати ноҳия бештар ба сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва варзишӣ мусоид мебошад. Экспедитсияҳо дар он ҷо бо иштироки варзишгарону куҳнавардони зиёда аз 15 давлат доир мегардад, — изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки осоишгоҳи «Тандиқул», ки дар масофаи 26 километр аз маркази ноҳия, дар яке аз дараҳои зебо ҷойгир буда, бо оби гарми шифобахш машҳур аст, барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, тарбод давобахш мебошад. Оби чашма аз зери замин фаввора зада, 95 дараҷа гармӣ дорад. Ду метр дуртар аз он чашмаи оби хунук ҷойгир аст.

Мушовири байналмилалии соҳаи сайёҳӣ Ҷемс Ҷесамин доир ба захира ва имконоти сайёҳии кишвар суҳбат кард. Аз ҷумла, таъкид кард, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки аз нигоҳи сайёҳӣ ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст.

- Фикр мекунам, ки ҳатто аксари мардуми Тоҷикистон намедонанд кишварашон чӣ қадар зебост, — таъкид кард вай.

Сокини ноҳияи Рашт, боғпарвари маъруф Мирзошоҳи Акобир, ки комплекси сайёҳии назаррабоеро дар деҳаи Ҷафр ташкил кардааст, аз таҷрибааш дар самти қабулу гусели сайёҳон нақл кард. Бино ба қавли ӯ, кишвар он қадар зебост, ки дар сурати таблиғу ташвиқ ва муаррифӣ метавон диққати миллионҳо нафарро ҷалб кард.

Дар конференсия аксаран аз норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ таъкид карданд. Изҳор гардид, ки барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳон, дар баробари пазироӣ ва меҳмондории хуб, ҳамчунин, бояд роҳбаладони забондону донишманд ба кор ҷалб карда шаванд, то ба сайёҳон маълумоти дуруст пешниҳод карда тавонанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»,

Душанбе — Нуробод — Сангвор — Тоҷикобод — Лахш — Рашт – Душанбе