Проблема ва мулоҳиза

Минтақаи Кӯлоб: Чаро қарзи барқ рӯ ба афзоиш аст?

№77 (4660) 14.06.2023

Пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи неруи барқ вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баъзе аз корхонаю ташкилот, инчунин сокинон ба ин масъала бетафовутӣ зоҳир мекунанд.

Роҳбари тиҷоратии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар минтақаи Кӯлоб Баҳром Ҳикматзода изҳор дошт, ки қарзи истифодаи неруи барқ ба 391 миллиону 546 ҳазор сомонӣ расида, аз ин 232 миллиону 415 ҳазор сомонӣ қарзи аҳолӣ мебошад.

То 1 — уми апрели соли ҷорӣ ноҳияи Восеъ 65 миллиону 115 ҳазор сомонӣ, Фархор -27 миллиону 668 ҳазор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ -25 миллиону 938 ҳазор, Темурмалик -14 миллиону 870 ҳазор, Муъминобод — 23 миллиону 836 ҳазор, Ховалинг -19 миллиону 773 ҳазор, Шамсиддини Шоҳин — 6 миллиону 757 ҳазор, Балҷувон -1 миллиону 889 ҳазор, шаҳри Кӯлоб -173 миллиону 192 ҳазор, Данғара -32 миллиону 505 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

- Моҳи марти соли равон, тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 6 миллиону 607 ҳазору 113 сомонӣ ва аз ҳисоби Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи мазкур 14 миллиону 619 ҳазору 13 сомонӣ ҳисоббаробарӣ шуд. Қарзи мазкур аз солҳои пешин боқӣ монда, ба барқи истифодакардаи пойгоҳҳои обкашӣ рабт доранд, — гуфт номбурда.

Зикр шуд, ки дар ин давра нозирон дар минтақаи Кӯлоб нисбат ба 2143 истифодабарандаи барқ санадҳои маъмурӣ тартиб доданд, ки маблағи ҷарима 2 миллиону 386 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Пардохти ҷаримаҳо ба 200 ҳазору 672 сомонӣ расид. Ба иттилои масъулон, айни замон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 185 ҳазору 496 муштарии фаъол мебошанд.

Роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Кӯлоб Фарҳод Мирзоев зимни суҳбат гуфт, ки дар чор моҳи соли 2023 қарзи истифодаи неруи барқ 4 миллиону 833 ҳазор сомонӣ зиёд гардид, ки аз маб­лағи зикршуда 2 миллиону 148 ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ марбут мебошад.

Ҳамсуҳбатам афзуд, ки бештари қарз ба Идораи обу корези шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи равшанидиҳии шаҳр рост меояд. Дар як моҳ Идораи обу корези шаҳр ба маблағи 280 — 300 ҳазор сомонӣ неруи барқ истифода мекунад. Аммо аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ маблағ месупораду халос. Муассисаи равшанидиҳии шаҳр дар чор моҳи соли 2023 ягон сомонӣ напардохтааст, — гуфт ӯ.

- Ҳисобкунакҳои электронӣ барои сарфа ва сари вақт ҷамъоварӣ кардани маблағи истифодаи қувваи барқ нақши бориз доранд. Бинобар ин, дар 7 ҳазор манзили маҳаллаҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб чунин ҳисобкунакҳо насб гардидааст.

Тибқи маълумоти дастрасгардида, алҳол дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб зиёда аз 10 ҳазор появу симчӯбҳои фарсуда мавҷуд мебошанд.

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ аҳвол чунин аст. Қарзи истифодаи неруи барқ аз мушкилоти рӯз ба ҳисоб рафта, кормандони Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияро ба ташвиш овардааст. Муҳосиби Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия Қаландар Сангов дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки дар чор моҳи соли 2023 қарз аз ҳисоби аҳолӣ 69 ҳазор сомонӣ зиёд гардид. Дар ин давра нисбат ба шаш сокини ноҳия оид ба дуздии неруи барқ ба маблағи беш аз 4 ҳазор сомонӣ санадҳои ҷаримавӣ тартиб доданд, ки аз маблағи зикршуда 1500 сомонӣ пардохт гардид. Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби аҳолӣ дар ноҳия 4 миллиону 898 ҳазор сомонӣ қарзи барқ вуҷуд дорад.

Афзоиши қарзи истифодаи неруи барқ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ мушкилест, ки кормандони Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияро нигарон кардааст. Дар баробари ин, кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия дар чор моҳи соли ҷорӣ корҳои назаррас­ро анҷом дода, ин нишондиҳандаро 1 миллиону 278 ҳазор сомонӣ кам намуданд. Мутаассифона, қарзи истифодаи неруи барқ аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ афзуда, ба 161 ҳазор сомонӣ расид.

Роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия Фирдавс Рамазониён изҳор дошт, ки то якуми майи соли 2023 қарзи зикршуда ба 25 миллиону 999 ҳазор сомонӣ расид, ки 17 миллиону 26 ҳазор сомонии он ба аҳолӣ марбут аст.

- Моҳи марти соли ҷорӣ бо қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 миллиону 29 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби пойгоҳҳои обкашии Идораи беҳдошти замин ва 128 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ҳисоббаробарӣ шуд, ки дастгирии навбатӣ ба ҳисоб меравад, — афзуд Ф. Рамазониён.

Дар ноҳия 22 ҳазору 129 муштарӣ фаъол буда, дар чор моҳи соли 2023 нисбат ба 104 истифодабаранда ба маблағи 354 ҳазору 527 сомонӣ санади ҷаримавӣ тартиб дода шуда, аз ин 230 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохт гардид.

Чаро роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳо дар пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ саҳлангорӣ мекунанд? Дубора ба мавзӯъ бармегардем.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»