Даъвати тирамоҳӣ – 2024

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ҲАФТ НОҲИЯ

№ 07.10.2024

Даъвати Ислом 011024Якуми октябри соли 2024 бахшида ба гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, инчунин, волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Кӯлоб зимни суханронӣ иброз дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони баору номуси кишвар ба ҳисоб меравад.

- Мо ифтихор аз он мекунем, ки шумо, фарзандони вафодори Ватан, имрӯз бо амри виҷдон ба хизмати Модар — Ватан меравед,- гуфт Бахтиёр Назарзода.

 Яке аз модарони хушбахту ватандӯст аз шаҳри Кӯлоб Дилбар Азизова дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ фарзанди худ Рамазон Табаровро, ки бо хоҳиши худ аз Федератсияи Россия баргашт, ба хизмат гусел намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба ҳар як сарбози даъватшуда сару либос ва пояфзол тақдим карда, ба онҳо дастархони идона ороста шуд. Ба 20 нафар ҷавон, ки аз ҳисоби Вазорати мудофиаи кишвар курси ронандагиро хатм намуданд, инчунин, ба 120 нафар ҷавони дигар, ки аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб курси ронандагиро ба итмом расониданд, шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи Д ва Б дода шуд.

Дар охир, баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии сиёсӣ аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаши ҷавонон гардонида шуд.

 МУЪМИНОБОД. Якуми октябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Муъминобод гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он собиқадорон, волидайни даъватшудагон, раиси ноҳия Сайвалӣ Амирализода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. 

Сайвалӣ Амирализода ҳангоми суханронӣ изҳор намуд, ки  ҷавонони ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод хизмати Модар – Ватанро қарзи фарзандии худ дониста, дар ҳифзу нигоҳдошти марзу буми он ҳамеша содиқанд.

Дар ин рӯз ҷавонони ватандӯсти ноҳия таҳти шиори «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шараф аст» аз комиссариати ҳарбӣ бо шиору овезаҳои ватандӯстона ба чорабинии маркази ноҳия омаданд.

Бори дуюм аст, ки ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дар рӯзи аввал иҷро менамоянд.

ФАРХОР.  1-уми октябри соли равон дар ҳудуди комендатураи сарҳадии қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Фархор, бахшида ба маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Роҳбарияти ноҳияи Фархор ҳангоми сухани табрикӣ изҳору сипос ва таманниёти нек ба наваскарон ва волидайни онҳо намуда, хизмат ба Ватан-Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони ватандӯсту хештаншинос арзёбӣ намуданд.

Изҳор гардид, ки ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонони ноҳияи Фархор ба комиссариати ҳарбӣ, пеш аз ҳама, аз дӯст доштани Ватан-Модар маншаъ мегирад.

Таъкид гардид, ки дар баробари дигар ҷавонони даъватшуда, инчунин, фарзандони кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва дигар корхонаю ташкилотҳо ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада,  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд.

Ҳамин тавр, ноҳияи Фархор дар рӯзи аввал нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро сад фоиз иҷро намуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз шаҳру минтақаи Кӯлоб ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хабар доданд.

 Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»