Панҷуми сентябри соли ҷорӣ Анҷумани XXXV ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) баргузор шуд, ки дар он раиси ҳизб Мироҷ Абдуллоев ба ҳайси номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Раиси ҲКТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев иброз намуд, ки барномаи пешазинтихоботии ҳизб мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи таҳлили вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, омӯзиши давраҳои давлатдории шӯравӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҷрибаи давлатҳои тараққикарда, бахусус, кишварҳое, ки роҳи инкишофи сотсиалистиро интихоб кардаанд, таҳия гардидааст.
Ҳадафи асосии барномаи ҳизб ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, муносибатҳои миллӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт, ислоҳоти идоракунӣ, таъмини волоияти қонун, ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад.
«Садои мардум»